Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва Дорои Саввум, ки тамоми умр ба бўйи шаробу кабоб ҳеҷ гуна бўйу тафро намешуниду фарқ намекард, ҳолиё ҳама бўйҳоро аз ҳам фарқ мекунад ва ба ҳар ишораву кинояву ниятҳои Бесуси ҷонхоҳ сарфаҳм меравад.
«Тохир макун, Бесус, маро то Хуросон бирасон...»
Гўйӣ охирсухан мегуфт шоҳ. Аммо Бесус заҳрханда мекард, ки васвос шуда ў. Бузро ғами ҷону қассобро ғами чарбу.
Шоҳи асир лабони карахшбаставу ба ҳам часпидаашро базўр бо забони намнокаш ламсида мадори сухан кард ва охирин бор аз Бесус пурсид:
«Об!»
Вале Бесуси Бохтарӣ нашунида гирифт худро. Дар рагҳои сипаҳсолор Ортобози порс сардие давид. Ва ў худро чун қўчи аз об баромада афшонд. Сипас як зарфи булўрини хурдро аз ҷилди дар миён баста бароварда ба гардунаи шоҳ наздик шуд.
«На!»
Дасти сипаҳсолорро дошта ўро нагузошт об диҳад ба Доро.
Ва гуфт:
— Шоҳ зиёд шароб хўрда, эҳтиёҷе ба об набувад.
Чашмони шоҳ Доро зору низор ҷониби Бесус дўхта шуданд:
«Ноинсоф!»
Ва ин замон ба димоғи Дорои Саввум бўйи сўхта расид. Ў ҳарчанд нафас дарун мегирифт, ки ин бўйи ғализу бадро фурў накашад, ҳар бори ҳаво гирифтан зиёдтар мерафт андарунаш. Баъд нимҳолу ниммадор менигарист ба дигарон, ки чунин бўро мешунаванд ё на, дар ваҷоҳати дигарон ба ҷуз ташвиш чизе намедид.
Ташвиши онҳо дигаргуна метофт: хавфе. Яқин хавфу ташвиши Искандар. Ў рўй турш мекунад. Даҳону биниаш пур шуда, ба назар аз гўшҳояш бурун меравад ин бўйи нохуш ва ў намедонад чӣ бикунад. Ба чапу рост менигарад. Посбонҳо эътиборе намедиҳанд, ҳатто намеҷунбанд, ки сохта аз гил бошанд. «Пуф! пуф!»
ҳама дудаву бўйҳоро ронданӣ мешавад Доро. Ва ором гирифта аз нав мешамаду фурў мекашад ҳаворо ва дармеёбад, ки бўйи сўхта аз дарунаш меояд; бўйи ҷигари сўхта.
«Об...»
Садои пасти ўро касе нашунид. Яқин мадори сухан накарда дар зеҳнаш «Об» гуфт ва ташнагиаш зиёда гашт. Кори асаб...
Ва ғалмағал шуд. Ҳамагон ба пас нигаристанд. Доро низ гўшаи чашм кард, ки шояд ба муроди ў бошад. Ба назараш касе ба доми фиреб омадани ўро дарёфта ба ёрӣ мешитобад. Вале саворе танҳо меомад гарди заминро бароварда. Чаҳорнаъл омадани савори якка сипоҳи шикастхўрдаву гурезонро осема кард. Бесуси Бохтарӣ намедонист, ки чӣ илоҷ кунад ва намедонист муроди ў чист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор