Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На. Коре надорам, ки ў ба сари салтанат ояд ё на. Хоҳам, ки раҳояш кунӣ. Марди чиҳилу чаҳорсола. Шояд барои кишвар коре бикунад.
«Маро то Хуросон расонед...»
— Шунидӣ, ки ў шоҳӣ нахоҳад, то Хуросон расидан хо ҳад.
— Ин бехиради зоғсор умед дорад, ки дар Хуросон боз хешро шоҳ бинад ва лашкар гирд оварад ва ба зидди Искандар бихезад.
Искандарро дар оғўши зану модараш ҷой дода, акнун хоҳад, ки бо ў мубориза кунад.
«Ё бикуш ё раҳоям бикун, Бесус!»
Ғайричашмдошт Бесус дашна сўйи сипаҳсолор Ортобоз дароз кард ва фармуд:
— Бигир, бар синаи ў бизан!
Сипаҳсолор суст шуд ва пас-пас рафт:
— На, Бесус! Ман кўрнамак наям!
Дастаи ками дар кам мондаи сипоҳи Порс гирд омад. Пасу пеш расидагон дар ҳайрат буданд, ки чаро Бесус чунин гуноҳ ё савобро бар дўши сипаҳсолори пир бор кардан хоҳад. Ориёбарзан, ки замоне шаҳрдори Эроншаҳр буд, чунин рафтори Бесуси мағрурро дида инони асб бод дод ва пеш омад, ки шўре нахезад миёни онҳо. Набарзани вазир на ба ҳимояи шоҳ, балки чун фармонбардори Бесус паҳлўи ў буд. Ва ҳама омода буданд ва ҳама сари по буданд, якдама истироҳати сарипойӣ ба ҷанги бародаркушӣ нагардад.
Хуршед боло гашта, аллакай замину замонро тафсонда буд ва онҳо ба ҳаври забон лабҳои хушк нам карда ба якдигар сухан мекарданд ва ягон-ягон туфи аз зери забон рўйидаро қурт карданӣ мешуданд, то ҳалқи хушкашон тар шавад ва забон тез кунанд.
Тафси замин ба сару рўй мезад ва бўйи гиёҳи хушкида меомад.
Аз зери суми асбон бўйи хоки оғушта ба бўйи хасу хошок меомад ва ҳолиё баъди гирд омадани сутурон бўйи ҳаври даҳони онҳо ва бўйи нохуши порўву шошаашон ба машом мерасад. Чунон ки ҳама саворону пиёдагони алҳол даррасида андар тавофи гардунаи шоҳи ҳахоманишӣ омадаанд ва касе наёрад, ки мушкили шоҳро осон гардонад.
Бесуси Бохтарӣ меларзад аз ғазаб ва кадом пешомадеро дарку эҳсос карда, як зайл теғ кашида, дашна сўйи сипаҳсолор Ортобоз медорад, то бигираду бар синаи Доро занад он ханҷарро. Аммо Ортобози пурдида ва дурандеш ноогоҳ аз қисмати сипаҳсолори мақдунӣ Пармониён ҳанўз ҳам ҷонибдори охирин намояндаи оли Ҳахоманиш аст, то силсила гусаста нагардад. Сахт аст, агар ин қасри мўҳташам чун Тахти Ҷам воруна гардад.
Ду тан, ки паҳлўи шоҳаншоҳи бандӣ андар гардунаи шоҳӣ менишастанд, шоҳи мундаи бемуттако пасрў афтидаро бардошта бар такя нишонданд ва гўйӣ хидмати торихиву касбии хешро адо карданд ва нигарон буданд, ки Бесус аз хидмати сипаҳсолор даст кашида ба эшон фармояд чунин адои вомро.

пешина
аз 391
навбатӣ