Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Кар шудед магар!?»
Ва ин дафъа ҳама ҳайратзада ба ў менигаранд, ки чӣ шуда бо шоҳ, вале касе наёрад, ки бипурсад. Нигоҳу ваҷоҳаташон саволӣ бувад. Шоҳ пай барад, ки нодуруст дод зад. Ҳоҷати чунин бонгу изтироб набуд. Сурфид. Пай бурданд, ки шоҳ аз андешаҳои ботинии хеш дар изтироб омада худдорӣ карда натавонистааст.
Менигаранд сўйи ў, ки шояд арзе, амре ё хоҳише дошта бошад, хомўш аст шоҳ.
«Хуни сипаҳсолор бояд бигирад чунин носипосро.» Аз дил гузаронд Файлотус дар оршини хеш бурру дўз карда, аммо баланд гуфта натавонист. Лимнро ҷўянд чашмонаш. Лимнеро, ки ғулғул афканд ба дили ҷавони падаргумкарда ва худро дур кашид.
Лимн низ бар он бувад, ки Файлотус. Аммо илоҷ надорад. Ў дуртар бо савори дигар ҳамрикоб аст ва асбонашон инон ба инон раванд. Сўҳбаташон пўшида. Аз вазъу ваҷоҳаташон пайдост, аз теғ кашида нигаристанашон ҳувайдост, ки норизо аз гиру дорҳои шоҳи мақдунӣ. Вале ҳолиё мадда напухта ва ё косаи сабр лабрез нашуда, ки хомўш мераванд. Гўйӣ сарпўши азими пўлодӣ бор бар сарашон гашта, ки сар бардошта наметавонанд. Гўйӣ юриши маҷбурист...
Аз пеш як сутуни азими ғубор пайдо шуд. Искандар ҳайрон монда, бар рикоб рост хеста ба пеш нигарист ва даст боло кард, то сипоҳ бозистад. Боде набуд, ки ғубори роҳ бардорад. Гирдбодро низ намонад. Ў инони Бусефалро кашид. Асб чароғпоя шуд. Сайҳа кашид. Асбони дигар низ як-як шиҳа заданд ва гўш чур карданд.
Ва ҳама саворон бар рикобҳо пой таранг карда рост шуданд ва нигаристанд ба сутуни ғубори миёни саҳро. Сутуни абрранг пешрў меомад. Гўйӣ пешопеши он як села ҷонварони биёбонӣ метохтанд ва аз зери суми онҳо гарду ғубор бархоста ин сутуни азимро бунёд карда бошад. «Кратер» аз дил гузаронд Искандар. Шоҳ ўро талоя фиристода буд, то Парфияро тоза кунад, вале чӣ шуда, ки сипаҳсолор бозгашт карда. Ба ҳар тақдир, ки ҳоло чизе равшан нест, Искандар шамшер бардошт бар сар ва амр дод сипоҳро:
«Ба ҷанг!»
Сафҳо рост шуданд. Саворон инон ба инон гаштанд. Пиёдагон фавҷ-фавҷ радда гирифтанд. Искандар нигарон буд, ки асби сиёҳмушкини Кратер аз миёни асбони дигар аён мегардад, аммо дирафши сапеди парафшон намуд ва Искандар донист, ки на Кратер бувад ва на душман. Балки дирафши оштӣ ба рамзи ошнойӣ барафрошта буданд.
Искандар боз даст бардошт ва афшонд ба пас: «Эҳтиёт!»
Гўйӣ дамҳои ба дарун кашида сар доданд ва ором гаштанд.
Талоя пеш рафт бо рухсати Искандар ва дере нагузашта ду нафар аз он даста бозовард. Ва фармуд:
— Инон хешро аз лашкаргоҳи порсҳо гўянд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор