Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва менигарад ба ду паҳлўву канор, ки касе огоҳ гашта ё на? Хомўшанд ҳама... Маълум, ки танҳо ў мушоҳида мекунад чунин рўйдодҳоро.
«Пошна бизанед!»
Ин садо барои саворон бувад. Пиёдагон чунин амрро итоату иҷро карда натавонанд. Онҳо чунон хаставу шалпар шудаанд, ки танҳо аз тарси Искандар пойи ба замин часпидаро базўр бардошта пеш гузоранд.
Ва Файлотус бонги хатар пиндорад овози баланди ўро.
Зеро садои нобаҳангом ва бемавриди ў як тори нозуки мағзи писари сипаҳсолорро баргусаст. Ҷиззӣ канда шуд. Ин ҳамон тор буд, ки Файлотус қисмату тақдири сипаҳсолорро бар он овехта буд.
Ё аз гаронии вазни сипаҳсолор ё аз садои сахти шоҳи мақдунӣ баргусаст тор. Ҳама чиз пароканда шуд ва ба ҷойи қисмати падар омад қисмати писар. Ба худ кашид Файлотус зардаву ситезаҳои Искандарро. Фоли бад донад рафтори шоҳро.
Писари имдодталаби сипаҳсолор Лимнро меҷўяд аз миёни ин қадар саворагону пиёдагон. Ва ҳангоми нигоҳ гўшаи чашм ба Искандар кунад, ки аз нигоҳҳои ў чизе пай барад ё на. Шоҳи мақдунӣ рў ба Офтобнамо дорад. Пиндорад аз зери абри такорў Хуршед бурун ояд ва ҳам Оби Ҳаёт аз он ҷо барояд.

БАНДИ ДАҲУМ

Ғалмағали мурғони зиштрў нохуштар аз тартумартҳои Искандар буд. Аммо шўру шари сипоҳ он қадар шум наметофт ба лашкаркаш, ки ғалмағали мурғон. Ҳар гоҳ ки дар мағзи сари Искандар ғавғои паррандагони безеб пайдо мегашт, нохушие пеш меомад. Аз ин рў лашкаркаши ба сол хурду ба шўҳрат бузург намехост чунин шўрро пайваста шунавад. Ҳолиё ў чашмонашро пўшид ва гўшҳояшро кафпўш кард. Сахт ғашовар буд чунин манзара барои шоҳи гетипаймо. «Чаро ин каргасҳои лошахўр худро ин қадар баднамо перостаанд?» Андеша мекунад ва чашм кушода ба дигарон нигарад, ки низ бинанд ин мурғонро ё танҳо ўро тобад?
Дигарон ҳанўз ҳам мотамзада сари хам доранд ва ташвиши шоҳро эътибор намедиҳанд. «Наход то ин андоза кару кўр бошед?» Каф аз гўш низ мебардорад, то ғалмағал басанда шудааст ё на. «Бало занад! Аз куҷо пайдо шуданд ин бадафтҳо? Олуда кунанд чунин сафари зеборо...»
Гўйӣ бори нахуст зебову гуворо будани ин сафарро пай бурд шоҳи ҷавон, вале аз халалгории каргасҳо ба танг омада фарёд зад:
«Чаро шумо кишк намегўед?!»
Ва менигарад, ки касе фарёди ўро намешунавад.

пешина
аз 391
навбатӣ