Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Искандар гўё чунин рафтори Файлотусро надида бошад, ба касе чизе нагуфта ва ё амру фармоне накарда, хешро мотамдор вонамуда, нишаст бар Бусефали сиёҳмушкин ва алам аз асб ситониданӣ шуда рон афшурду пошна бизад. Ҳама тақлид ба ў карда пушти зинҳо шуданд ва ба роҳ даромаданд. Роҳи Парфияро пеш гирифтанд, ки пештар сипаҳсолори навқирон Кратерро талоя фиристода буд. Сипоҳони пиёдаву савора хомўш мерафтанд чунон ки шоҳи мақдунӣ. Файлотус низ савора мерафт, аммо намедонист, ки чаро меравад ва вазифааш аз чӣ иборат аст дар ин сафар. Зеро Искандар рафтори ўро бо Лимн дида буд, вале надида гирифт хешро ва ба зарда асб ронд. Аз ин рў ба хаёл рафтааст ў, ки дигар пеш рафтан маънӣ надорад. Ба назари ў бо марги Пармониёни сипаҳсолор барин инсон ҳама чиз фано пазирад... Чун ба Дарвозаи Хазар расанд, он сўй варта пеш ояд чун ҷаҳаннам... Ҳама чиз бирезад ба зер ва нобуд гардад чунон ки барф, чунон ки борон. Талвосаҳои Искандар беҳуда бувад. Агар дунёи фароху бекарона ба коми танги одамӣ фурў меомад, бояд, ки ба коми сипаҳсолори беназир Пармониён фурў меомад. Агар гетӣ бақо дошт, падари ўро бақо дошт; агар бо набарду хун марзу бум сабз мегардид, бояд, ки дар замини зери суми асби сипаҳсолор монда гулҳои ранга мерўйид...
Вале ў дид, ки аз пайи наъли асбони сипаҳсолору шоҳи мақдунӣ чӣ рўйид. Пажмуриданд сабзаву шукуфаҳо, сўхтанд шаҳрҳо. Ҷое, маконе, кулбае обод нагашт. Баъд, баъди он ки бо ҳавас ва шавқи зиёд омаду ҷангид, донист, ки чӣ маънӣ доштааст ҷанг: омаданду куштанду сўхтанду бурданд... Нест бод!
Онҳое ки ҳаваси юришу набард доштанд, як-як пушаймонӣ карданд. Ҳатто онҳое ки касбашон ҷангидану куштан буд. Ба ҷуз Искандари Мақдунӣ. Ҳолиё ҳама афсўсу дареғ доштанд, ки гўл зада, оварда бошанд эшонро. Танҳо Искандар баумед аст, ки Оби Ҳаётро пайдо мекунад ва ҷовидона мемонад. То ҳанўз чизе назада ба дилаш ва ҳавасҳояш намурда; зари Порс ба Мақдуниё меравад ва пиндорад, ки хазинаи шоҳӣ нағунҷонад онро. Дилпур аст Искандар; дилпур ки барои диёраш хидмате хоҳад кард, ки падараш накарда. Ният дорад, ки чун баргардад, Мақдуниёро ободон гардонад; чунон созад, ки шаҳру пойтахтҳои харобкардааш дар назди Искандарии дар Пелла месохтааш чизе набошад.
Ғамбода гулўи Файлотусро сахт доштааст ва гўйӣ касе дар кўраи оҳангарӣ онро дам медиҳад, медамад ғамбода, бузург мегардад, омоси каснадида мисли абр фазоро мегирад ва рўйи заминро низ мепўшад, зулмот мешавад ва... ва на Искандар мемонаду на сипоҳ. Ҳолиё ба муроди Файлотус бувад: падари бузургаш, ки мурд, дигар чизе набояд боқӣ монад. Зеро чун Пармониён дигар марде набувад, ки майдондорӣ карда тавонад, душманро низ бо дод бикушад. Ва фарзандонро андарз гўяд, ки андар набард низ бо дод бошед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор