Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ба назар сардие афтида дар дилҳо ва андар сипоҳ.
«Андешидӣ?»
Пурсид Лимн. Файлотус посух дода натавонист. Зеро ҳанўз
намедонист аз чӣ хусус биандешад. Вале барои донистани муроду матлаби Лимн фурсатҳо баъд ҳамчунон сар набардошта дуздона гуфт:
«Биандешидам.»
«Чӣ андешидӣ?»
Файлотус дузди ба даст афтодаро мемонд. Рост ё дурўғ посух доданашро намедонист. Зеро муроди Лимнро намедонист ва ҳанўз огаҳ набуд, ки аз чӣ хусус биандешад. Фармуд:
«Ту бигўй аввал, Лимн. Шояд ман ба муроди ту наандешида бошам.»
«Андешаи ман аз тақдири сипаҳсолор бувад.»
«Возеҳ. Мо ки надонем кӣ карда ин корро.»
«Магар дар ғафлатӣ... Кӣ карда чунин корро, равшан бувад.»
Файлотус ба ҷойи он ки пурсад кӣ карда ин корро? биандешид:
«Магар ҷосусӣ надорад?» ва баъди хомўшии зиёд пурсид:
«Кӣ?»
«Дар ин замон ин корро метавонад фақат як нафар бикунад...»
«Бале...»
«Зеро сипаҳсолор одами хурд набуд. Барои ўро нобуд кардан зиёдтар аз ў бояд буд.»
Ва боз Файлотус хомўш монд. Лимн беҷуръатӣ ва ё бадгумонии ўро тахмин карда, инони сўҳбатро дигар сў тофтанӣ шуд:
«Никонор чӣ андеша дорад?»
«Ман андешаи ўро надонам, Лимн.»
«Ба назарам сипаҳсолор шуданӣ.»
«Ба фикри ту, Никонор ба ин хун олуда аст?»
«На. Чунин андеша ба сари ман наомада... Аммо гумон дорам, ки ў ба мартаба баланд рафтанист.»
«Лимн! Чунин низ шавад, ки писар падарро ё падар писарро барои рутбаву унвон, мартаба ё мансаб бикушад?»
«Магар кам аст ин рақам рўйдодҳо? Торихи Порс ва қиссаҳои асотирии юнонӣ аз ин хусус қисса кунанд.»
«Онҳо барои тоҷу тахт ин корҳоро кардаанд... Аммо сипаҳсолори куҳансол чӣ дошт, ки...»
Ва Файлотус дигар тоқат карда натавониста гиреҳи гиряи то
ҳол дар гулўяш бозмондаро кушод ва нишаст рўйи роҳ. Лимн парешон шуд аз чунин рафтори ў ва аз зери кашаш дошта бардошт:
«Бихез, Филота, ҳар кас ҳар хел гумон кунад, бархез!»
Ва оне нагузашта гирди ўро гирифтанд. Сўҳбати эшон қатъ гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор