Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва гоҳе рўйи зин хам шаваду пахш, то фиш ва савор ба гашти Бусефал халал нарасонад. Зудтар бирасад ба куноми гўри гурезон. Азм ва ҷазби Искандар чунон аст, ки сайёд сўйи сайд бишитобад, то луқма аз даст наравад. То симу зар наафтад аз каф:
«Ҳафт ҳазор толон… ба гуфтан осон… Ҳммм… Аз рўйи ҳисоби Гарпал симу зари Порс аз як саду ҳаштод ҳазор толон бояд боло бошад… Шашсад ҳазор ҷони мақдуниро як умр хўрондаву пўшонда шавад ва боз бимонад фарзандону наберагону аберагонро…
то ҳафт пушт расад…»
— Чу, ҷонвар! Ҷойи ҳама мақдуниёнро хоҳӣ гирифт… Афзори туро; зину бандатро аз зар бояд кард; соқҳои рўйинатро, наълатро аз зар бояд сохт, то чун нахчири симинсоқи Геракл биёбонро биҷаҳӣ!… Ай Бусефали ман! Вафодортар аз ту ҷондореро надидам… Чу, ҷонвар!!! Гуноҳҳои маро бубахш… Баъзан озорат диҳам. Дидам, ки дар ин дашти хушк чӣ гуна аз ҳар тори мўят арақ шорад; дар биёбоне, ки нам надорад, аз тани ту об чакад… Чун нафас кашӣ, аз хонааш ҷаҳад чашмонат; фарох гардад сўрохиҳои биниат; ҳатўл шавад лабонат чун лабони кўдаки хоридида… ва ту чӣ азму талоши ба манзил расидан кунӣ… Бусефал! Пархошҳоро ман набурдаам… бурди ту буд… Агар ман фақат шамшер занам, ту лагад занӣ, пешсина занӣ, даҳон андозӣ, зери сум гирӣ; чароғпоя гашта дудаста ба фарқи сари душман кўбӣ… Ай Бусефал, Бусефал! Пиндорӣ аз гардани сарбози душман газида, афшонда, канор андохтанатро надидам? Дидам. Вале он замон ашки маро касе надид; ҳатто душмани рўёрў. Бусефал – дўсти ҷонии ман! Бояд ҳайкали лигомгусехтаи туро дар паҳлўи Оинаи шашҷиҳатаи Сикандарии Фаранг биафрозам… Насиб… Чун поям ба Мақдуниё расад, нахуст ин корро сомон хоҳам дод…»
Андар торикии шаб, ки танҳо нури ситораҳо ва сапедии роҳи Каҳкашон пешрўро намояд, фиши асбро дастмол карда, навохта сару гардану саршонаи густувонпўшашро ва хамтар шуда, ёли гардолудашро буйидаву бўсида гўя мекард чун фарди пуралам:
«Аз ту, аз ту! Бурдҳо аз ту, омадҳо, барорҳо ва пирўзиҳо аз ту…
Некўхисолтарин ҷонвари рўйи ҷаҳонӣ, Бусефал. Дўсти падарам
– Демарати устод туро бахшида буд ба ман… Ёдаш ба хайр… Чун ман курра будӣ, асб шудӣ… Тарсам, ки пир шавӣ, чун сипаҳсолор Пармониён қурбониат кунанд… На… На-на… Чунин нахоҳад шуд… То ҳастам, ҳастӣ. Ёри рамузфаҳми ман… Дар сафарҳо, андар набардҳо ту ҷон коҳонӣ, шиканҷа кашӣ, ранҷ барӣ, вале пирўзиҳо ба номи ман гардад. Донам, дарк кунам, ки якеи мо аз дигаре камӣ надорем … Феъли ту, қадру қимати ту соҳибатро равшан. Ту маро бебаҳойӣ. Он қадар симу заре, ки пайдо шуд, вазни туро надорад, қимати туро надорад… Агар ту набудӣ, он симу зар низ набуд. Бебаҳойӣ, бебаҳо! Саркаш туйӣ, талоя туйӣ, ки дар шабҳои тираву бемаҳтоб ҳам чашмони фурўзонат роҳро пайдо кунад, пастиву баландиҳоро бинад; гўшҳоят пасттарин садоро шунавад, димоғат нозуктарин бўйро фарқ кунад…

пешина
аз 391
навбатӣ