Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лашкаркаши кинвар ин нуктаро хеле хуб дарк карда. Ҳолиё ў савори Бусефали хушҷилав мондаи роҳи кавирро паймояд ва ба сараш ҳазору як андеша ояд; ҷангҳои сипариро пеши назар орад, ки чун буду чун шуд? Дўст кисту душман кист? Киҳо халалгор буданд, киҳо мададгор?
«Бале… бале… бале! Эрониёни сарбаланд кам набуванд… Онҳо сар диҳанду сар нафароранд…»
Шабҳангом. Ҳама ҷо орому хомўш аст. Садои суми асбон ва чархи гардунаҳо наояд. Агар чизе димоғи асбонро бод диҳаду ба хориш орад, ягон-ягон бинӣ афшонанд ва боз оромӣ, ки корвони тарсхўрда ба сафар баромада бошад. Регҳо пош хўранд аз зери суми асбону сутурон, аммо гарду ғубори роҳ ба чашм нарасад.
Искандар фикру андешаи зиёд дорад. Чунин набуд лашкаркаши бузург. Ба назар бепарво метофт ба зиндагӣ; ҷангро бозӣ мепиндошт – бозии тифлона. Чун саҳрои хушк ғамаш дод ва фирори Дороро бо ганҷи зиёд шунид, андешаманд гашт. Аз куҷо то ба куҷо расиданашро пеши назар овард ва мақсаду маромашро бори дигар хотирнишон кард: «Чаро ва аз чӣ рў?» аз зеҳн гузаронд, пас хулоса намуд: «Одам як тан набувад… Як одам ҳазорон нафас бувад ва ҳазорон ҷон. Чаро чунин бошад? Агар одам як тан, як ҷон, як нафас буд, ҳазоронро ҷавобгўй набуд… Чунон ки ман ҳастам: ҳам Мақдуниёро, ҳам Юнонро… Ҳам мақдуниёнро, ҳам юнониёнро ва ҳам ҷаҳону ҷаҳониёнро… Магар як кас аз ўҳдаи бардоштани ин бори гарон баромада тавонад? Бале, тавонад.
Агар ҳама як кас шуда тавонанд… Афсўс ки дар як пўст ду тан ҷой нагирад…»
Ба назараш лангари Бусефал дигаргуна тобад; нофор: «Туро чӣ шуд? Хаста шудӣ? Ё хоҳӣ, ки ман андеша накунам? Осуда бирав, саворат чӣ кор карданро донад. Савори ту Пармониён набувад, ки ба ҳар нон ҷазза шавад…» Ту чаро худои худро фаромўш кардӣ ва худои мисриёнро худои хеш пазируфтӣ ва ўро падар хондӣ?»
Ситеза кунад бо ман пирсаг. Туро чӣ кор бо нақшаву амалиётҳои ман? Фармонро иҷро бикун, музд бигир! «Мақдуниёнро аз худ дур кардӣ, сарбозонро ранҷондӣ… Донӣ, ки мақдуниён зиёд нестанд.
Буду шуд шашсад ҳазор ҷон… Онҳоро эҳтиёт бояд кард» гўяд.
Ва ман чӣ кардам? Онҳоро нобуд кардам? Низ эҳтиёт кардам-ку!
Юнониёнро хидмат фармудам… Дар ду ҷабҳа онҳо маро хидматгузор буванд. Бавижа порсиёни гумроҳро хидмат фармудам…
Онҳоро бо дасти худашон нобуд сохтам… Ин пирсаг гумон дорад, ки ҷангро ў бурда, пирўзиҳо аз ўст… Хомхаёл…»
Андеша дорад андар дили шаб, ки идомаи роҳи кавири Эрон фарқе надорад аз аввали он. Фарқ ва мақсад ин аст, ки бояд зудтар расад ба Ҳамадон, то Дороро дарёбад, то ганҷи хазина талаф наёбад. Ҳар қадар зудтар маҳмез бизанад ва шитоб бикунад, андеша, фикр ва хунаш он андоза тез гардад; биҷўшад, хурўшад, бидамад.

пешина
аз 391
навбатӣ