Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Мақдунӣ!!!
Искандар сар ҷунбонд; ба атроф нигарист ва баланд гуфт:
— Вагарна шумо ин гардуна асбвор накашида будед…
Ба маъниҳои зиёд гуфт Искандар. Зеро медонист, ки мақдуниҳо аз ў сахт ранҷида: барои ба Мақдуниёву мақдуниён эътибор надоданаш; барои Юнону Порсро ватани хеш хонданаш; барои худоёни Юнону Мисру Эронро пазируфтанаш; ва хешро на писари Файлақуси II, балки писари Зевсу Аммон эълом сохтанаш ва дигар рафторҳои мақдуниёнро нанговар, рўй аз ў тофта буданд ва саркашиҳо доштанд. Искандар барои рўҳу дили ононро бардоштан чунин гуфт, ки касе ҷойи бародар, ҳамдиёр, ҳамватан ва ҳамхуну ҳамзабонро гирифта натавонад.
— Минбаъд низ гардуна кашед ё озодӣ хоҳед?
— Рой шоҳрост…
Ва Искандар ҳайрон монд аз садоқати эшон. Гарпали хазинадорро пеш хонд, то хоста бахшад. Вале мақдуниёни гардунакаш напазируфтанд: «Мо бандагонем шоҳро!» ва шоҳи мақдунӣ мот гашт. Ва хушаш омад чунин ройи разин:
— Ду асб биоваред!
Ду асб оварданд. Бастанд ба гардуна.
— Ду асира биоваред!
Ду асира оварданд ва нишонданд ба гардуна. Асирагони порсӣ буданд; зеро Искандар хунҳоро ба ҳам омехтанӣ буд. Зар бахшид ва фармуд:
— Озодед шумо!
Ва гардунакашҳо бо ҳам нигаристанд, рўйи пурғубори якдигарро дида, сар ҷунбониданд: «На. Мо бандаи шоҳ Искандар бошем!»
— Пазируфтам… Вале ин ҳама шуморо…
— Магар раво бошад, ки шоҳ гардунаи хеш ғуломонро бахшад?
— Агар ҳама ғулом мисли шумост, раво бошад!
— Зиҳӣ шоҳи ҳумоюнро! То абад ҳамроҳи шоҳ Искандар бошем!
Искандари доно медонист, ки дер ё зуд бояд ин кор бишавад; бардагон ва иттифоқчиёнро озод бояд бикунад. Зеро қарордоди «Иттифоқи Коринф» поён напазируфта, ки то Порсу Персопол рафтан буд. Ва Искандар ҳам ҳаддро гузашт ва ҳам сарҳадро.
Хоҳарзодаи Арасту – Коллисфени таърихнигор ин ҳамаро дидаву мушоҳида карда, нигоштӣ андар ҷаридаи рўзгору набардҳо ва сафари Искандари Мақдунӣ; набиштӣ биёбони тафсо, лашкари фаровон, кавири даҳшатзо, андар фазо гирду ҷувозак гаштани каргасҳои лошахор, беҳоливу нафири занон, нафрини сарбозон, садоқати ҳамдиёрон… ҳиммати шоҳи мақдунӣ ва азоби алимро. Бавижа саҳифаҳои тозаи рўзгори Искандар ва муҳаббати ў ба зану фарзандро…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор