Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Зеро зиндаашро надидӣ… Ў ҳама рўзону шабон андар дунболаи ту буд, дар паҳлўи ту буд, аммо чашмонатро баста буданд, то набинӣ зану фарзандро.
— Зинда бувад Геракл, ту чаро баддаҳонӣ кунӣ?
— На… на баддаҳонист… Огоҳ кунам туро… агар рафтор ва кирдор дигар накунӣ, батар шавад аз ин…
— Чӣ гуна рафтор?
— Муомила ва муносабат бо зану фарзанд…
— Охир ман шоҳам! Мақдуниёву Юнон дида сўйи ман доранд, чун қасди онон аз душман ситонам…
— Бидеҳ маро!!!
Мазмун, ҳеҷ сухане шоҳро ба ислоҳ наорад, сахт гуфт Барзин ва нерўе пайдо кард, ки рост ба по шуд. Гом зад сўйи шавҳар, то бо зўрӣ писар рабояд аз дасти падар.
— Ман шоҳам!
— Вале ман шоҳзан наям ва ин тифл шоҳзода набувад!
— Чиҳо гўйӣ? Ай зан, чиҳо гўйӣ?!
— Магар ин пури туст?
— Агар на, пури кист?
— Агар пури туст, пас ман кистам? – гўё рўбоҳро дар тангӣ дошт Барзин. – Маро таъна зананд гетерҳои нозанини ту… Ин ҳамаро Геракли хурд шунида ва мазмун дарёфта… ва ў чӣ гуна тавонад ба рўйи мо нигаштан?… Бигўй, кистам ман?
— Малика…
Гўйӣ ҳамин сухан лозим буд Барзинро. Лек фаҳм накард, ки гетерҳои бадгў шуниданд ё на? Зеро ин чиз хеле муҳим буд занро; гетерҳое, ки тану номусу ҷони хешро ба Искандар бахшида, аз дунболаш кашоланд, шунаванд сухани шоҳро.
Муҳимтар он буд, ки Геракли беёд ва нимҷон садо баровард:
«Модар!» ва чашм кушода дастон сўйи Барзин ёзид: «Бигир маро!»
Вале падар писарро ба модар надода, бардошта то гирдгоҳи хеш бурд, рўйи қолии эронӣ хобонд ва баргашта баромад. Ҷўё шуд пизишкро ва он ду тан мақдунии гардунакашро.
Ду тан ҳанўз дар ду паҳлўи шоҳтири гардуна истода, фармони шоҳро нигарон буданд. Лабонашон карахшбаста, миҷгон гардгирифта ва чашмон аз миёни ғубор базўр метофт. Сару рўшон хокӣ.
Ё онҳо гардунаро медоштанд ва ё гардуна ононро муттако буд.
— Асбҳо куҷо шуданд? – кафшери сухан фармуд Искандар.
— Мурданд… – базўр гуфт яке, сар ҷунбонд дигаре.
— Юнонӣ ҳастед ё эронӣ? – ҳарчанд пурсида, дониста ва шинохта буд ононро боз гўлпурсӣ кард шоҳ Искандар.
— Мақдунӣ…
Искандар ҳамин суханро баланд шунидан мехост, то дигарон низ шунаванд; қасдан пурсид:
— Куҷойӣ?

пешина
аз 391
навбатӣ