Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сер аст ё гурусна? На. Чизе напурсид, писарӣ накард. Агар назди бегонае омада буд, подоше, кайфаре, ақаллан ҷавобе гирифта буд. Аммо… аммо Ориёбарзан на аз он писарҳое буда, ки падарон умед доранд: «Шояд чунин бошад подоши амалам? Кайфари кирдору рафторам ин аст, ки дар даврони пириам пеш омада.» Зиёдтар аз ин андешае дар сар надошт.
Хуршеди аз канори Замин тор омада ҳаворо тафсонд. Андар биёбону обканд паноҳгоҳе набуд, то сипаҳсолори пир сар паноҳ кунад: «Азоби ҳама даврони ҷангӣ ва кирдорҳояшро бояд бикашам…
Худованд кирдори нек ё рафтори бадро беподош нахоҳад монд.:
ҷав корӣ, ҷав даравӣ, гандум корӣ, гандум… Ай Худо, ҷонҳои зиёд ситонидам чун Азроил! Ҳатто фурсати пурсидан набуд, ки ў ҳақ дар назди парвардигор ё ман; онҳо гунаҳкоранд ё мо?
Шамшер мерондам, теғ мезадам, найза меандохтам; хун мерехтам, мекуштам… Гуноҳ буд, гуноҳ… хун ҷўшида, пеши чашмро тира гардонида; хурўшон ва чун паланги жаён меситезидам ба одам; ба ҳамшакл, ба мисли худ забону чашму гўш дошта. Ба онҳое, ки чун зану фарзанди ман умеди зиндагӣ доштанд.
…Ва ҳар чӣ буду набуд, барои Ватан кардам; барои Эрон кардам; барои кишвари Порс кардам… набояд гуноҳ бошад.
Нашояд маро гунаҳгор донистан ва ҷазо додан… Ман худ донам гунаҳҳоямро. Ҷуз он ки гуфтам, ҷурме надорам: Эронро хиёнат накардам, модару падарро хиёнат накардам, Худоро хиёнат накардам… ба фарзандон, ба шоҳ ва ба дўстон хиёнат накардам…
Оқибати кор чунин шуд… Надонам, ки чаро писари аз хуни худам рўйида чунин рафтор кунад? Хаёли хом аз сарам гузашт…
Натавонам он корро кардан. Пиронасарам, шайтон бардор дод…
Айби Ориёбарзан набувад. Ў ба ҳарфи хомхаёл Бесуси Бохтарӣ гўш дода, аз баҳри шоҳ, аз баҳри падар ва кишвар баромад. Магар рўз бинад чунин писар? Дилам сўзад ба ў; писари раҳгумро дилам сўзад, ки бо чӣ хаёле, бо чӣ нияте аз баҳри ҳама чиз баромада, муҳиббонро, пайвандонро пеши пой зада, думи Бесусро гирифт.
Ҳанўз ҳам надонад, ки ў чӣ кас аст? Бесус барои нафси худ, барои ҷоҳу ҷалол, барои тахту тоҷ ҳама чизро қурбон кунад…
Бефаҳм, бефарҳанг… туро чию тахту тоҷро орзу кардан? Аз тухмаи шоҳон набошӣ! Ба оли Ҳахоманиш напайвандӣ! Чӣ орзу кунӣ? Бенасаб!… Панҷоҳ сол аст, ки бо шоҳон ранҷ мебарам…
барои пойдории шоҳон ҷангидам. Ватан гуфтам, Порс гуфтам, Эрон гуфтам… Аз Қоф то Қоф зери суми асбам буд. Писарро Қоф ниҳодам ном… аммо орзуи шоҳӣ накардам… Дар осмонҳо хаёлан парвоз мекардам аз барори набардҳо… тоҷ нахостам… Болои дасту тори сари сипоҳиён будам… тахтро ҳавас накардам… Чӣ шуд, ки писари ман ба як ваъдаи хому хаёлӣ, ба кадом орзуи ширин мулкро монду саҳроро пеш гирифт; шоҳро гузошту шаҳрдорро пазируфт?…

пешина
аз 391
навбатӣ