Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Валек то ин лаҳзаву соат зиндагӣ сипаҳсолорро хуш буд. Зеро пирўз бар ҳама чиз буд ба ҷуз ҷанги Искандар. Аз шикасти оварди Искандар рўҳафтода шуд ва то ба чунин рўз расид, ки писараш нописанд гирифт ва беҳурматтар аз саг донист; ҳатто асби зери ронашро кашида гирифт, ки Ҷиран асби ман аст; андеша накард, ки аз кӣ расида буд курра. Ва шояд шикасти Эрон аз ҳамин нописандиҳо буд?
Ҷавшан бадар оварда ба дасти рост гирифт, ки хеле вазн дорад ва умре чунин вазнро мебардошту ҳис намекард, вале ҳоло, ки умедканда аз ҳама чиз шуда, афзори набард нодаркор тобад, гарон намояду партобӣ. Бояд афканд: «На… Онро пайдо кунанд ва дар ҷустуҷўй дароянд…»
Бо бероҳае равон шуд; бо қадобаи хушкида, ки замоне сел омадаву асаре гузошта. Пайи селоб ҳаст ва ду канори он санглох ва ҷо-ҷо гиёҳу буттаҳои худрўй. Канортар, ки хок дорад, сабзаву шукуфаҳо руста ва лолахасак шукуфта. Агар ба обканд дарояд, зер ё боло равон гардад, касе ўро нахоҳад дид. Муродаш ин аст, ки бо чунин хорӣ ба чашми касе натобад. Писар хор дошташ, ки аз душман ё шоҳон чунин хорӣ надида буд. Писар пой аз рикоб ҷудо кард ва сар бар биёбонаш дод чун сутури пир, ки аз боркашӣ монда бошад; гаргин, нотавон, борнокаш, бори гарон… Нахоҳад назди писарони дигар чунин рафтан; дар чашми онҳо хору залил тофтан, ки боиси ҷанги бародарон гардад; ҷанги Юнонро монда, ҷанги Эрон кунанд… Аммо сипаҳсолори пир надониста, то куҷо биравад. Боло биравад, зўр надорад, поён биравад, куҷо барад пайоб? Ҳол он ки ў ба хуни фарзанд Кова шуданист. Лек Ориёбарзан намефаҳмад. Оне Аҳриман дар андарунаш ҷой гирифт, то писар кушад, аммо иблисро ронда, бори гарон бар дўши худ гирифт.
Меравад саллона-саллона. Ҳанўз ҳам фаҳму дарк накарда, ки писараш Ориёбарзан бо ў шўхӣ карда ва ё як навъ имтиҳонест; ё худ ин ҳама саҳнаҳоро Бесуси Бохтарӣ фармуда? Гўё гаронии сару танаш аз хўду ҷавшан буд. Чун канори обканд гузошт, сабук гардид, кадуи холии тори гардан фурў афтид ва андешаҳо омад ба сараш: «Чӣ бадие карда бошам дар ҳаққи Бесуси Бохтарӣ?» Бадиву нобакорие ёд наомад: «Чӣ нопадарӣ кардам Ориёбарзанро?»
Нопадарие надид… Аммо чӣ кореву кирдоре, ки Бесуси Бохтарӣ ва писари ҷониаш забон як кардаанд бар зидди ў. «Аҷаб… чаро бознадоштанд, ба шиканҷа накашиданд, накуштанд? Балки чун девонаи бекасу кўй раҳо карданд; чун бузи гаргине, ки бозмонданаш андар рама хавфе дошта бошад, сўйи саҳро ронданд…»
Ҳолиё марди роҳи бемақсад равонро монад, ки на тўша дораду на зоти сафар; ба куҷо сар заданро низ надонад. Нафарест, ки чаҳор дасту пояш кандашуда аз осмону замин… Ҳайрату тааҷҷуби падар он аст, ки асбро кашида гирифт писар, маркаби дигаре надод; аз роҳаш нагардонд ва напурсид, ки зоти сафар дорад ё на; дўш навое хўрда буд ё на?

пешина
аз 391
навбатӣ