Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шоҳе чун ту натавонад чунин амр кардан!
— Ай бохтарӣ, бидон, ки шоҳе чун ман наёяд дигар! Ягона шоҳе ҳастам, ки ҷангро нахоҳам… ва фармони куши туро надиҳам!
— Магар аз тарс набувад?
— На, нокас! Аз тарс набувад… Аз он ки дар рагҳои ман нишони одамият ҷорист! Чун ту наснос наям! Вагарна туи рўйинатанро пора-пора карда будам.
Бесус хандид:
— Дар рагҳои шоҳи бедудаву дудмон ва бетухма хуни ҳаром ҷорист…
Доро натавонист таънаи ўро фурў бурдан. Шамшер бори дигар аз наём кашид пурхашм. Моҳуи маккор, ки то алҳол тамошобин буд ва фурсат меҷуст, самари ҳилаҳои хешро дарёфта, миёни онон даромад:
— Ҳай-ҳай, хўйи аҳриманӣ бигзоред, феъли яздонӣ бипазиред…
Эрон бе ситези шумо ҳам хароб гашта… Харобтар накунед!
Шоҳ Доро ба ўву суханаш эътиборе надода, аз китфаш тела дод, то ба Бесус расад. Нарасид. Бесус низ шамшер аз ғилоф кашида буд ва мегуфт:
— Ман на онам, ки аз чунин шоҳон битарсам!
Моҳуй эътибор надод ба рафтори шоҳ, боз миёна даромад:
— Нохуб коре накунед! Даст нигаҳ доред! Душманон биханданд ба кирдори шумо! Истифода кунанд аз чунин ноҷўриҳо! Ба ҷойи он ки Эронро ҳимоя кунед, душманро кўмак мекунед.
Дигарон хомўшу ҳайрон аз ҷуръати Бесус буданд, ки ба шоҳаншоҳ ситезид. Як-як бурун рафтанд, вале дур нарафтанд. Беруни дар, дами дарвоза ва атрофи дижанд; чанде андар Кўшки Гардон сабаби шўридани Бесусро муҳокима мекарданд ва Дороро тарсуву нотавон мехонданд. Ва ҳолиё ин ду шамшербадаст неши сайф дар замин дошта, ҳайкалосо истодаанд ва танҳо аз миҷа задану шину хези сари синаашон бармеояд, ки ҷон доранд, вагарна сурати деворанд.
— Аз азал бо ман набудӣ! – кафид шоҳ Доро ба оҳанги гила,
– ҳама кирдору рафторат манфиатҷўёна буд, бесуд оби шикам наҷунбонида будӣ…
— Аз назари шоҳ чунин…
— На-на-на! Чунин косалесии туро ҳамагон донанд. Бесус бо дастаи саворони хеш аз Бохтар омада, ки на кишвари Порсро ҳимоя кунад, балки суде бардорад, шоҳи Эрон бишавад!
Бесус ин бор низ хандид:
— Маро чӣ зарурате, ки шоҳи Эрон шавам? Дар сурате ки шоҳи Бохтар ҳастам ва камтар аз Дорои Кудумон айш надорам…
— Кадом сарбоз орзуи сипаҳдорӣ накарда? Кадом шаҳрдор армони шоҳӣ надошта? Зўру такони вулқонҳоро замин боздорад, аммо фишори сахти вулқон оқибат заминро бишкофад.

пешина
аз 391
навбатӣ