Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Шумо овардед чунин пайғомро! Шумо гуфтед ва ман бовар кардам ба лафзи шумо! Ва шумо ин соат маро сабукдўш аз шоҳӣ мекунед ва кадом омадаи бенишонро бар тахти ҳахоманишӣ нишонданиед!
— Ай шоҳ! – сахт расид Бесусро ва бархост. Вале Доро садои ўро ба инобат нагирифта бадгўйиашро идома дод:
— Тахти шоҳӣ напазирад ҳама гуна суратро! Бардияи дурўғин дар аҳди Камбуҷа як бор чунин озмун карда буд; ба мурод нарасид; воруна шуд ва аз тахт бар тахтаи мурдаи Камбуҷа зиндагўр карданд. Шумо иттифоқчиён низ қиссаву қисмати он Бардияи сохтаро ёд меоред ва зиндагўр хоҳед шуд!
— Шоҳо! – боз кўшиши гуфтан кард Бесус.
— … Асбро наъл заданд, ғук низ пой бардошт, ки маро ҳам наъл занед! Бесуси Бохтарӣ шоҳиро волигӣ дониста! Дар ёд бигиред, ки ҳеҷ гоҳ дили бохтарӣ ё бобулӣ ба Эрон насўзад. Бесус дар ғами ҷони хеш аст, ки фардо Искандар ба Бохтар расад, пўсти чунин волӣ канад…
Боз ғалмағал шуд. Шоҳаншоҳ шамшер аз наём кашид.
— Ай шоҳ! – сахттар садо кард ин бор Бесус, то шоҳи тарсу суст ояд. – Фарқи ту аз ман ин аст, ки ту аз Арманиё омадайӣ, ман аз Бохтар! Туро Боҳуй оварда, маро Моҳўй!
— Чӣӣ-ӣ-ӣ-?!
— Он чӣ шунидӣ
— Чӣ-чӣ-чӣ?! – пеш омад Доро, ки аҳли толор аллакай бурун рафта, ҷой холӣ карда буданд.
— Ва ҳар чӣ! – низ даст бар қабзаи шамшер бурда гуфт Бесус.
— Ҷўшбарраро хом шумурдайӣ, бохтарӣ!
— Ва ҳоло бо собуни бохтарӣ ҷома нашуштайӣ, армонӣ!
Суст шуд Доро. Ҳукму фармони шоҳӣ намонда, вагарна як ё чанд тан волию сипоҳӣ пеши фармони шоҳ чӣ қурб дорад? Чун дид, ки онҳо чанд тананду ў танҳо, сусттар шуд. Ва дарёфту донист, ки ба иттифоқи сатрапҳои Порс дучор омада, ки сахттар аз ҷанги Искандар бувад. Умедканда шуд шоҳ ва илоҷе наёфта ва касеро ба имдод нахонда ва ба ҷаллоде фармони куши Бесусро надода, амр ба худи ўй кард:
— Бирав, нопок! Кўмаку ёрии ноҷавонмардон маро зарурате надорад!
— Ман низ надонистам, ки шоҳи хуносо будайӣ, вагарна ҷавонмардони бохтариро талаф намедодам!
— Дафъ шав! Аз ин лаҳза волии Бохтар найӣ!
— На! Хатое рафт! Аз ин лаҳза Бохтар аз итоати ту баромада ва шоҳии ҷудогона дорад!
— Амр ин аст: волигии Бесус ботил бувад дар Бохтар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор