Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гарм шуд шоҳ. Зер омад аз тахт.
— Ин боргоҳи пок бисёр шоҳонро дид ва зиёд дасисабозонро…
Ва хомўш монд, то аз Бесус чӣ ояд. Ў низ хомўш, то бар оташи ғазаби шоҳ равған нарезад. Ҷилавтар омад шоҳ ва чашмон танги танг карда, миёни лабу дандон гуфт:
— Ай бохтарӣ, бидон, ки ман шоҳи ҳахоманишӣ ҳастам – Дорои Саввум! Ва касе натавонад ин тоҷу тахт аз дасти ман рабудан!
Хазинаҳое, ки душманро вогузоштам, устухон ба саг андохтан бувад ва он сагони бўйгирро аз паси хеш бурдан… Ман бояд ба Хуросон расам ва аз Суғду Бохтар сарбозони ҳақиқӣ фароҳам оварам ва Искандари сониро дар он дуриҳои ватан нобуд созам…
Дониста бош, аз дасти ту барин ватанпарастон коре наояд. Шумо даҳони бефаровез доред ва забони тез; бо забону даҳон мушкилот ҳал нахоҳанд кард, танҳо асрор ҳувайдо созанд; аслан аз дасти онҳо коре ба сомон нарасад… Ман ихтиёри сипоҳро ба ту додам; ба даҳони кушодат бовар карда, лофу газофатро рост пиндошта, сипаҳсолорат хондам…
— Вале ҳуқуқ дар дасти ман…
— Модом ки ҳуқуқ мехоҳӣ, шоҳиро низ хоҳӣ!… Пармониёни юнонӣ низ ҳуқуқро аз дасти Искандар нагирифтааст, вале барои Искандар ва Юнону Мақдуниё ҷон медиҳад; ту баҳс бо ман дорӣ, ки шоҳ натавонист мулкро ҳимоя кардан… Ту шоҳӣ ё ман шоҳам?!
— Шоҳ шумоед, ман фармонбардор…
— Фармонбардор, ки бошӣ, фармонро иҷро бикун!
— Шоҳ чӣ фармоянд?
— Шоҳ фармуда буд – сипаҳсолориро ба ту дода буд: як чизро ду бор набахшанд! Вале дониста бош, ки Дорои Кудумон бимирад, дар ватани хеш мирад ва дар марзи ниёконаш ба хок супоранд. Аммо Искандар дар ғарибиҳо бимирад… Дониста бош:
ўро касе накушад; худ дар хуни хеш баста, ҳаром бимирад; чун мори саркўфта ба худ печида, ба хуни ҳазорон порсу эрониён ва зардуштиён подафраву подош дода, чунон мирад, ки ҳатто зану фарзандаш ва модараш ба маргаш наноланд... Марги ў бадтар аз марги ману ту бувад; марги бесоҳиб, бетабор, беобрўй…
Бесус пурсаброна ба гуфтори шоҳ гўш дод ва ҳайрон монд, ки ҳазён мегўяд; фарқ карда натавонист, ки маст аст ва ё ақлбохта.
«Ин хонашери майдонғариб ҳама молу мулк шоҳи мақдуниро дода, пўписа бо ман кунад. Халқон дар наздаш сари суҷуд оранд; дар ғайбаш дуо кунанд, ки ғарибмарг шавад… Дар ҳаққи Искандар низ ҳамчунин гўянд…»
— Ман муроди шоҳро дарку дарёб карда наметавонам.

пешина
аз 391
навбатӣ