Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Доро рост шуд бар тахт пуршаст ва наъра зад: «Ту чиҳо гўйӣ?!»
ва тахт ларзид.
— Он гўям, ки гўянд… Магар шоҳ надонад, ки махзан ба душман гузоштан ҷангро бувад бохтан?
— Агар инро донӣ, чаро хазина набардоштӣ?!
— Чӣ кор кунам хазинаро?
— Сарбози кироя мехаридем.
— Ман чунин ҳаққу ҳуқуқро надорам… ва шоҳ бояд донад, ки сарбози кироя ҳеҷ гоҳ ватани шоҳро ҳимоя накунад, бал дар ғами зар ва ҳифзи ҷони хеш бошад… Дар заруратҳо ё пушт ба майдон гардонад ва ё миёни куштагон бихобад… Ўро фарқ набошад, ки зар аз Доро биситонад ва ё аз Искандар; ў дар ин лаҳза сарбози Дорост ва дар он лаҳза ҷангии Искандар. Такя ба барда хато бувад.
— Ҳммм… аввалин бор бувад дар таърих, ки ҳокими як хитта замин шоҳи кишварро ақл ёд диҳад…
— Дил сўзад, аз чашми кўр ҳам ашк резад, шоҳ. Дар ғами кишвар шоҳу гадо бояд баробар сўзад.
— Ҳоким пиндорад, ки шоҳ беақл аст, қадри ватану ватандориро надонад?
— Сарвари доно Аҳура Маздоро равшан бувад, ки ман шоҳро беақл нагуфтаам; маро чӣ корест бо ақли шоҳ? Гуфтаниам, ки сарбозони зархариди юнонӣ чун донанд, ки хазина ба дасти Искандар гузашта ва шоҳи зарҷўй дар рўзҳои наздик ба Мақдуниё хоҳад баргашт, мулки Дороро бо ду дасти адаб ўро хоҳанд супурд ва ба синаи сипаҳсолор, сипоҳӣ ва ҳатто шоҳ дашнаву пайкон хоҳанд зад.
— Ҳммм… – сар ҷунбонд, вале чизе нагуфт. Ангушт ба дастмонаки курсӣ мезад шоҳ Доро ва гуфтаҳои Бесусро газоф медонист. Бад дидаш. Бадгумон низ шуд, ки сатрапи Бохтар бо ҳар найранг ва бадгуфторӣ хешро ба сипоҳ ширин кунад, то эрониён аз шоҳаншоҳ рўй гардонанд: «Ин саги сиёҳ ҳаваси устухони дарборро дорад» дар дил гуфт ва чашм танг кард, ки аломати кина гирифтани ў буд. Ҷунбид андар тахт ва пойҳояшро алвонҷ дод, ки бар фарш намерасид, аммо наздиктар буд аз пойҳои Искандари ҷавон; ҳоҷат ба зергоҳ надошт. Бесусро аз назар гузаронд, ки чӣ ваҷоҳате дорад? Ҳамроҳ силоҳ дорад ё на? Чун медонист, ки гоҳи вурўди боргоҳ сарпос ва пардадор бояд ҳамаро бесилоҳ гардонад, бо вуҷуди он зеҳн монда менигарист ба сипаҳсолор. Бесус донист, ки суханонаш хуш наомаданд шоҳро, зеро беқарор гашта, ранги арғувонӣ гирифт гунааш ва рўйи бинӣ ва пешонӣ донаҳои хай пайдо шуданд. Бохтариро хаёлу гумоне фаро гирифт, ки ҳолиё шоҳ каф кўфта хунрезҳои мусаллаҳро фаро хонад; онҳо омада бурун барандаш ва бо усули доройӣ дор кашандаш, то дигаронро дарс шавад; пасон ягон шаҳрдору волӣ натавонад ва наёрад ҳамзабон шавад бо шоҳ.

пешина
аз 391
навбатӣ