Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро бандари Мисрро финиқиён печонида буданд ва шоҳ Искандар андар он бандар хайма зада буд. Ва чунин занҷири қавиро гусаста ва ё девори аз киштиҳо сохтаи ононро рахна зада ба баҳри кушод баромадани тириён чандон осон набуд. Фурсати мувофиқ меҷустанд. Дониста буданд, ки мақдуниён гоҳи хўроки чошт пароканда мешаванд; ишкамчалонӣ мераванд ва ё дамгирӣ, ки ниҳоят боб бувад ва муносиби нақшаи эшон. Чун ҳама хўрдаву ба ҳар сўй пайи фароғату истироҳат рафтанд ва Искандар андар пардасаройи бандари Миср 123 шуд, тириён дар се пантера, се татрера ва ҳафт триера савор шуда бо шасти тамом аз иҳота берун омаданд ба баҳри кушод.
Беҳтарин шиноварон, нохудоён, заврақронҳо ва ҷанговарони дар ҳарбу зарбҳо обутобёфта буданд дар он киштиҳо.
4 Тириён дар ҳамлаи аввал пантераи Пнитагор ва боз триераи мақдуниёнро ғарқ карданд ва чандин сафинаҳои бесоҳибро зарбу лат ва нокор сохта ба соҳил ронданд.
Баҳри Миёназамин аз безобитагиҳо, ташвишҳо, ҳаракату ҷунбишҳои зиёд ба мадду ҷазр даромад ва Искандари даруни пардасароро ба таҳлука овард. Парешон кард. Осема омад ба киштӣ ва дид, ки тириён ҳуҷумовар шуданд ба артиши киприён «Аз киштиҳои назди бандари Миср эҳтиёт бошед! Онҳоро аз мадди назар дур накунед!» садо дардод Искандар ва шитобон пантераю панҷ триераро гирифта, гирди ҷазира гашт ва ба бандари Судон рафт, ки ҳанўз ҳам тириён ҷанги баҳри кушодро идома медоданд.
Чун пантераи чобуку тезгарди мақдуниён ба он ҷо расид, ду триераи тириён миёна гирифтандаш. Пантера якеро ба сараш зада дарронд ва дигареро триераи пуршаст омадаи мақдуниён зарбаи сахт зада ба дарё ғарқ кард. Ба назари Искандар наҳанг моҳиёнро бихўрд. Рўҳ гирифту болид, ки то ин ҷо бисёр овард карда буд, аммо чунинашро надида буд. Дар ҳақиқат наҳангу моҳиён ҷанг доштанд: тиросо рафтани киштиҳо, якбора ба чапу рост гаштани онҳо, ба биниву паҳлўву думи сафинаҳо бархўрдани киштиҳои ду лашкар бозии моҳиёнро мемонд, ки ҳангоми гушн ком бардоштан мехостанд. Вале чаппа гаштану сўрох шуда зери дарё рафтани сафинаҳо моҳиёни найзахўрдаро ёд меоварданд ва гўйӣ дар ин баҳру набард моҳигир Искандар бошад.
Чунин корзорро дар муҳосира мондагон аз сари бораҳо, рўйи бомҳо, буни дарахтону равзанаву дидгоҳҳо тамошо мекарданд.

  1. Пантера – киштийе, ки панҷ рада белзан дорад.
  2. Татрера – сафинае, ки чаҳор рада белзан дорад.
  3. Триера – киштие, ки се рада белзан дорад.
  4. Пнитагор – шоҳи Саломон, пештар аз ин чандин бор бар зидди порсҳо исён бардошта буд.
пешина
аз 391
навбатӣ