Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Аз баҳри луқмаи аз даҳон афкандааш боз хоҳад гашт. Тирро гирифтан Порсро гирифтан аст!
— Шоҳзодаи мисрӣ дуруст мегўяд. Тирро гирем, Мисрро худи шоҳзода хоҳад супурд! – дар чунин вазъ лутф кард Искандар, то дили ҳозирин бардошта гардад, шоҳзодаи мисрӣ Биталомус пару бол гирад. Ҳамзамон гўйӣ забон як карда бошанд, баробар мушт ба ҳаво бардоштанд. Ба назар забти Тир аз канори дамма, аз соҳили дарё шурўъ шуд.
— Зинда бод Искандар!
— Поянда бод лашкари Рум!
Рўҳ болиданду бардоштанд шоҳро, бавижа касоне, ки Аминтаро хуш надоштанд, садо баландтар карданд, то ҷанг басанда нагардад ва онҳое низ қатъ шудани чунин овардҳоро намехостанд, ки қатлу ғоратро дўст медоштанд.
— Сари саркаш зудтар бояд бипарад!
— Тир бояд чу кулўх андар ин баҳр обу маҳлул бишавад!
Ва шоҳи ҷавон гўйӣ баъди чунин дархостҳо бедор шуд. Дергоҳ сари андеша ба каф гирифт ва фармуд: «Сафарбарии умумӣ!»
Шарҳ надод суханашро. Зеро ҳар ишораи ўро ба хубӣ медонистанд ва шарҳу ҷо ба ҷо гузоштанаш кори сипаҳбадон, сарфавҷон буд. Ва худ ба назди нохудоёне, ки рафтан имкон дошт, рафт; ба назди онҳое, ки рафтан имкон надошт, пайк фиристод, то фардо ба муҳосираи умумӣ бигзаранд ва пиру барно дар чунин разм ширкат варзанд. Бурҷҳои тўп, манҷаниқҳои сангандозу деворшикан, амадҳои манҷаниқбардор, дастгоҳҳои нави ҷангӣ ҳама ба новард омода гаштанд. Гўйӣ Искандар таноб мекашид; ҳалқаи муҳосира танг меомад. Тириёнро хафаву нафасгардон мекард.
Манҷаниқҳо сангҳои бузургу вазнин меандохтанд ба деворҳо.
Деворҳо мешикастанд, фиту валангор мешуданд. Бурҷҳо тўп мезаданд, валу вайрон мекарданд. Тир меборид аз ҳаво.
Ва тириён дар чунин лаҳзаҳо низ аз ихтироъкории хеш намемонданд. Бар сари бораҳо, паси деворҳо чархуфалаки тезгард сохтанд, то пеши роҳи тири душман бигирад. Чархуфалак на танҳо роҳи тирҳоро дигар мекард, инчунин сангҳои аз манҷаниқу арродаҳо омадаро бероҳа мегардонд, бозмедошт. Дар чармхалтаҳо обсабзу обгиёҳҳоро ҷо карда чун сипар истифода мебурданд, то тирҳои заҳрогини душман бар онҳо бархўрда сард гарданд ва тирҳои сўзон оташ наафрўзанд. Пешбиниву навовариҳои тириён беандоза буд. Ҷонгарав буданд онҳо. Бо вуҷуди он ҳалқа танг омад. Маҷбур шуданд ба ҷанги баҳри кушод бароянд. Зеро мададе, ки аз мустамликаи хеш Карфаген нигарон буданд, нарасид. Ва баъде, ки хабари аз ёрӣ даст кашидани онҳо равшан гашт, тириёни умедканда ба набарди баҳрӣ гузаштанд ва пушаймон гаштанд, ки чаро зану фарзандони хешро ба Карфаген фиристоданд. Пасон танҳо ба нерўи хеш умед бастанд. Ба қароре омаданд, ки бандари шимолии Судонро, ки киприён иҳота карда буданд, рахна зананд, ба баҳри кушод бароянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё