Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон нағмаву усул дошт, ки олуҳ дар оинаи нилўии Осмон гоҳ тез бол мезаду гоҳе ором.
Ва Искандар ногаҳонӣ базмро шикаст; чун овардҳояш, ки ногаҳонӣ буданд: «Ба сўйи Бурҷи Бобулӣ!»
Искандар савори гардунаи шоҳӣ ва либоси фохираи эронӣ, ки шоҳони фархундаи ҳахоманишӣ бо фарру шукўҳ ба бар мекарданд, сўйи Бурҷи Бобул раҳ сипард. Шоҳи мақдунӣ ҳар қадар бо шаҳрҳои Машриқзамин шиносу ошно гардад, шавқ ва ҳайраташ он қадар меафзуд. Чӣ ҳунарварону хушкорҳое дошта мамолики Шарқ. Хиёбони фарохи бемонанд сўйи Бурҷи ҳафттуи муқаддас мебурд. Гетайрҳо ё фавҷи «Дўстон» аз паси шоҳ ва ба дунболи онҳо сипоҳ мерафт. Коллисфени нависанда, ки аз ёди Искандар рафта буд, чашм аз нахи тўлонии мардум, кўдакони бозигар ва ҷавонони гулпош намеканд ва пайваста ҳаракатҳои шоҳро мушоҳида дошт. Бавижа кўдакони тори дарахтони тўли роҳ шавқи ўро меовард ва аз ин намоиш рўҳи шоҳи ҷавон болида буд ва агар шоҳиаш набуд, ҳамроҳи онҳо тори дарахт ҷой мегирифт.
Шоҳиву ҷавонӣ ва далериву шуҷоат ва овозаи беназирии лашкаркаши бузург кўдаконро ҳавас ангехта буд ва онҳо зиёд мехостанд, ки шоҳи ҷавонбахтро аз наздик бинанд. Вале ҳаваси шоҳи ҷаҳонхоҳ бештар ба чизҳои қимматбаҳо буд.
«Худои бузург Аҳура Маздо ҳидоят карда ўро!» садо омад аз миёни издиҳом ва Коллисфен дар рўзномааш нигошт. Гулчанбару гулдастаҳо зебу зиннат дода кўчаҳоро ва саҳни Ҳарами Ҳафтту гулистонро мемонд. Ва он ҷо ба пешвози шоҳи пирўз баромаданд; пазиройӣ карданд хубтар аз пештар. Азизу мукаррам доштандаш, ки Ҳурмузи Кабир фиристода ўро. Чунон ки дарвозаи бузурги Аштар ба рўйи Искандару сипоҳаш боз шуда буд, дари Ҳарам ва Бурҷи Ҳафтту фарох гашт ўро.
Искандар болид ва аз худоён – Зевс, Аммон ва Аҳура Маздо донист чунин некиҳо ва барорҳоро. Онҳо бахшида ҷаҳонкадхудоиро. Фоли раммолону коҳинон ва хоби «Хоқони Чин» таъбир шуд. Ва ў хулоса кард: «Бар асари Дорои тарсу рафтан маънӣ надорад. Он гўри гурезон андар биёбон хоҳад мурд. Мурдааш лошаи каргасҳо ва зоғу заған хоҳад шуд.» Раҳораҳ андеша дошт ў ва худро назди дари ҳарам дид. Ва Лисимаху Коллисфенро ишора кард, то пеш гузаранд.
Донандаи таърихи Бобул ҳикоят кард эшонро: «Писарони Нўҳ фарзандони зиёде доштанд ва баъди «Тўфони Нўҳ» зиёдтар шуданд, вале беҳ нагаштанд. Он вақт дар тамоми ҷаҳон як забон буд. Рўзе одамон гирд омада гуфтанд: «Бояд шаҳре бисозем ва бурҷе, ки сараш осмон сояд. Ва номе барои худ пайдо кунем; шаваду дар олам пароканда гардем…» Бо чунин андешаи шўҳратёбӣ одамони пурғайрат машғул ба бинокорӣ шуданд. Чунин кори онҳо Худовандро хуш наомад.

пешина
аз 391
навбатӣ