Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Вале марги зани Доро Статира ягон-ягон айшашро мунағғас месохт:
«Ё Искандар, зани Доро зиндагиро бадрўд гуфт!» хабар оварданд. Шоҳи мақдунӣ бо вуҷуди ҷавониаш сахт ғамӣ шуд ё вонамуд кард, ки сар андохт, зиёд андешид ва бо мулоҳиза фармуд:
«Ҷанозааш бо расму русуми порсӣ ба хок супурда шавад ва рўйи тобути ў дирафши Эрон афрошта гардад!»
Ин лаҳзаҳо ҳолиё низ ёдаш омад. Майи юнонӣ рехту ошомид ва шохҷом паси сар андохт. Махмур ба гетерҳои отинӣ менигарист ва канизакони овозадори порсиро низ дар майдони ҳунар дидан мехост.
«Нестанд!» посух доданд мизбонҳо.
«Пас Доро куҷост?»
Наъра зад Искандар, касе посух нагуфт. Сатрапи Бобул Мозай пеш омад. Ғазаби ҷаҳонҷўйро дида зону зад:
— Ў сўйи Бохтар фирор кард, шоҳам!
— Бохтар? Бохтар куҷост?
— Шимолтари Эрон, шоҳам!
Искандар бовар накард. Сипаҳсолорро хонду гуфт, то ҳушёр бошанд: «Бўйи макр меояд.» Чашмони шоҳи марзҷў тангтар шуданд ва аз сараш дур намешуд, ки чунин пазиройӣ найранге беш нест.
— Тойис, бирақс!!!
Хитоб кард Искандар. Тойиси хушхиром доманкашон баромад.
Назди шоҳ зону зад. Искандар дудаста зонуи раққосаро пахш кард шарқиёна. Барзин, ки нав Гераклро ба доя дода буд, чашм танг карду кушод ва ба шавҳар бо теғи абрў нигарист, то дур андозад гетерро. Аммо Искандар ба инобат нагирифт. Тойис вазн ба пушт андохта тахтапушт ба замин месоид ва тобу печ мехўрд; бедор карданӣ буд ҳаваси шоҳи тезхунро. Барзин кина гирифт, ки шавҳар дар назди ў ва миёни халқ раққосаро боло гузорад аз ҳама, ҳатто аз зан. Барқасди ҳол Тойис печу тоб хўрда, нозу адо ва карашма мекард; на танҳо ҳаваси шоҳ, балки ҳаваси сарони сипоҳ, мизбонҳо ва ҳама мардони ҳузурдоштаро меовард. Хуни гарми шарқиён низ меҷўшид; гарчӣ аз ҳайату сиёсати Искандар пояшон меларзид, беихтиёр майл сўйи раққоса доштанд.
Оташи рашки Барзинро домон зад боди рақси гетери боҳунари соҳибҷамол. Зан медамид чу баҳр ва боз фурў менишаст; гўйӣ дами оҳангарӣ буд ва Тойис онро бод медод.
Шоҳзодаи мисрӣ Биталомус гирифтори ҳусну ҷамоли Тойис, дуздида рў ба Искандар овард, ки дўст доштани ўро медонад ва чаро дар назди мардум чунин рафтори носазо мекунад. Қадаме пеш ниҳод, то шоҳ бинад. Шоҳ гирифтори ҳунари усулчӣ буд ва даст аз зонуи ў намебардошт ва камак-камак майли ў дошт. Чӣ шуд, ки якбора раҳо кард зонуи ў; раққоса ба пушт хоб рафт ва гўйӣ чизе нашуда чу мурғ ҷасту бихест ва бол кушод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо