Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Динократи меъморро биоваред!»
Меъмори хоболуд, ки тамоми шаб дар тарҳи шаҳри Искандарӣ сар кафонда нав ба ғанав рафта буд, аз новақт омадани фиристода парешон гашта, биангошт саҳве рафта, ки шоҳро нафорида...
Вале чун шоҳро андар саҳни диж хушҳол дид, фараҳ бар сар омад.
— Ай марди хирад, хоби маро рабудӣ! – ғайри чашмдошти меъмор фармуд Искандар.
— Чӣ гуна хоби шоҳро рабудам, вақте шоҳ хоби маро мепарронад. – Ба андешаҳои пучи хеш нафрин хонда ва сўйи шоҳ табассум карда пеш омад меъмор.
— Дар хусуси андар сари об сохтани шаҳр дер андешидам ва хобпар шудам; туро хостам. Бигўй, ки чӣ гуна шаҳре бибояд сохт, то назири бурғи бахт андар парвоз бошад.
— Муаллақ!
— Чун муаллақ? – ҳайрон шуд Искандар.
— Дар фазо; миёни арзу само, чунон ки мурғ парвоз бикунад.
Искандар хандид ва наздиктар ба пояи шамъ омад.
— На, ҳазл макун, ҷиддӣ гўямат. Шаҳрро болдор бояд сохт, то ба ягон шаҳри рўйи замин монанд набошад: на ба Отин, на ба Тир, на ба Мемфис.
Ба андеша рафт меъмор ва хомўш монд. Искандар паргор аз рўйи тахтамармари поядор бардошт, канор гузошт ва хома бар коғази сапед сиёҳ кард…
— Мехоҳам аз ман ёдгоре бошад андар ин кишвари беҳамто.
— Беҳтарин андешае, ки шоҳ карда, ин аст.
Искандар ба андешаи меъмор посух нагуфт, зеро дарёфт, ки Динократи меъмор ободониро боло гузорад аз ҷанг чун ҳаким Псаммон.
Хома кашид. Хати сиёҳе омад чу боли мурғе. Хати ботил зад.
Донаҳои гандумро гирифт. Пайи ҳам чид ва гуфт:
«Чунин: камоншакл; чун рангинкамон зебо. Болдор ба сони мурғи ҳумо. Рў ба кўли кабуд. Тори кўл мурғони ҳаво дар парвоз».
— Шоҳ бубахшанд… Шаҳр бояд бисозем ё сурат бикашем?
— Ай меъмор! Агар асл набувад, сурат аз куҷо шавад?
Меъмор чизе нагуфт; гўш дод. Искандар сархам дона мечид ва мегуфт: «Даҳонаи Нил, кўли кабуд, сабза, гулҳои ранга, гулгаштҳои зебо, раставу роҳравҳо, саҳни фарох… Шаҳри ҳавасангез ва мароқовар… Сернуфус… Ин намуди зоҳирии шаҳр. Андар ин шаҳр барои худоёни юнонӣ ва фиръавнҳои мисрӣ ҳарамҳои зиёде бояд бисохт, то фардо афсона кунанд. Бавижа китобхонае бояд сохт, то таърихи кишварҳо, подшаҳон, бузургони олам, лашкаркашони беназир, сайёҳони кишваркушо ва файласуфони беҳамторо маҳфуз бидорад».

пешина
аз 391
навбатӣ