Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сўҳбату нақшаву андешаҳои меъмори номӣ қонеъ карда буд шоҳро, вале ин замон, ки дар танҳойӣ андеша дошт, ба назараш чизе ноҷўр тофт. Шаҳр бояд андар канори соҳили кўли нилгун монанди мурғи бахт – моили парвоз бошад ва мужда аз саодат бидиҳад. Инчунин аз мўъҷизаҳое бошад ба сони аҳроми Миср, то ақли одамӣ бовар накунад, ки дастони инсон сохта онро…
…вале гиряи тифл сахт расид асаби ўро ва як тори абрешимии нозуки он канда шуд, ки сўхт. Сахт расидаш: «Хуб, ки дар чунин ҳолатҳо танҳо бошӣ.» Гумонаш, доя овард тифлро ба умеде, ки Барзин ин ҷост ва шираш диҳад. Дар кушода шуд ва худи Барзин тифли парпечро даруни остона ниҳод. Пас-пас рафта дарро пўшид.
Искандар барҷасту сўйи дар шуд ва тифлро аз сари роҳ бардошту бадар омад. Барзинро паси дар дид, ки пушт бар девор ниҳода буд. Ва гўйӣ сурати девор гашта. Искандар чизе нагуфт; тифли парпечро сўйи зан ёзид. Барзин чунон ки сураташ бошад, на ҷунбид, на тифлро гирифт ва на чизе гуфт. Искандар чун шоҳ ё чун шавҳар ўро дўғу пўписа накард, балки чун ғулом пеши зан зону зад. Барзин донист, ки шоҳ пур андешида ва пушаймон аст аз кардаҳои хеш. Ашк шорид аз бари рухсораш ва ду даст пеш оварда тифлу Искандарро якҷоя бардошт, то рост ба по бишавад.
Тифлро гирифт. Искандар низ дарёфт, ки ин ашк чӣ ашк аст. Пас аз китфи Барзин дошта андаке майл дод сўйи хона. Андаруни остона Барзин боз тифлро ба Искандар дод, то даме нигаҳ дорад ва меҳраш ба тифлу ба зан афзояд. Искандар тифлро гирифт, хеле рўйи даст дошт ва бурда бар бистар ниҳод, ки шаби аввал он ҷо буд миёни ҳардуяшон. Ин шаб низ ончунон шуд…
Ва Геракли хоболуд чашм кушод. Шамъҳо месўхтанд. Ва ў ҷуз нур ва бўйи шамъи сўхта чизи дигарро дарку дарёфт намекард.
Онҳо хомўш буданд, то Геракл нагиряд… вале ў гирист. Барзин синаи сапедашро бар даҳони тифл гузошт. Кўдак мемакид ва Искандарро ҳавас омад аз чунин пистон, ки зери нури хираи шамъ симгун метофт. Искандар даст бибурд; ба рўйи синаи чун тухми пўсткандаи зан меҳрубонона гузошт. Барзин низ даст бар дасти Искандар ниҳод. Хуш омад чунин рафтори шоҳ Барзинро ва чунон рўболо зад, ки пистон аз даҳони тифл бурун омад. Искандарро ҳавас зиёд шуд ва майли зан кард, вале Геракл андар миёна буд. Сапедии бадани зани се шў дида ва андар биёбон ранг дигар накарда он қадар ангехт шавҳарро, ки дигар тоқат карда натавониста, аз болои тифл бар тори зан гузашт…
Шоҳ осуда гашт, ки дар канори Барзини нозанин мехобад.
Чунки ҳавасу шавқаш фурў нишаста буд. Чун тифлу модарро хуфта дид, оҳиста бархест… Хеле рўйи хона гардиш кард, пасон бадар рафт. Амр сарпосро кард:

пешина
аз 391
навбатӣ