Зеҳн
Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа

ҲикояАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

ПОДОШИ НЕКӢ
(Афсона)

Буд - набуд, оташхомӯшкунаке бо номи Боҷуръат буд. Ӯ дар ҷангал мезист ва мисли номаш тавоно буд. Рӯзе дид, ки аз даруни ҷангал оташ аланга мезанад. Боҷуръат давида-давида ба сӯйи ҷангал рафт. Дид, ки хонаи хирсҳо оташ гирифтааст ва хирс ҳар тараф давида, дод мезанад:

– Кӯдаконамро наҷот диҳед! Кӯдаконамро наҷот диҳед!

Боҷуръат худро ба хонаи оташгирифта зад. Баъди лаҳзае хирсбачаҳоро гирифта ба берун баромад. Ҷо-ҷойи дасту рӯяш ва либосҳояш сӯхта буд. Модари хирсбачаҳо инро дида аз шодӣ оби дида рехт. Фукашро ба бадани Боҷуръат молида, сипас ба боло нигоҳ карда, овоз баровард. Гӯё гуфтани буд, ки Худоро шукр, фарзандонам наҷот ёфтанд. Сипас ба Боҷуръат рӯй овард:

– Ман як умр аз ту қарздор ҳастам. Ин некиатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Ҳар гоҳ ёрии ман лозим шавад, муроҷиат бикун, бо ҷон иҷро мекунам.

Рӯзи дигар Боҷуръат хост, ки гӯштро бипазад. Оташ даргиронд. Аммо дид, ки ҳезум кам мондааст. Барои ҳезумҷамъкунӣ ба ҷангал рафт. Аз ёдаш тамоман баромад, ки оташро хомӯш бикунад. Дар бозгашт дид, ки хонааш оташ гирифтааст. Давид, то оташро хомӯш кунад, вале зӯраш нарасид. Ҳамин лаҳза аз куҷо ҳамон хирс пайдо шуд. Ба ёрии Боҷуръат шитобид. Бо кӯмаки ҳамдигар оташро хомӯш карданд. Боҷуръат ба хирс миннатдории худро баён карда, гуфт:
– Рӯзе ман ба ту ёрӣ дода будам. Имрӯз ту ба ман ёрӣ додӣ. Ҳама бояд чунин бошанд. Некиҳоро фаромӯш накунанд. Ҳамеша дар рӯзи шодию ғам паҳлуи якдигар бошанд. Он гоҳ олам гулистон мешавад.

Хирс сар ҷунбонд.
Гӯё фикри ӯро тасдиқ кард.

пешина
аз 25