Зеҳн
Кафши тиллоӣ

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳоро дар бар мегирад. Дар он асарҳои бадеӣ барои хонандагон пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 25 саҳифа

ҲикояАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

ШОГИРДИ ПАДАР
(Ҳикоя)

Субҳи рӯзи шанбе буд. Ману акаам акнун аз хоби ширин бедор шуда будем, ки падарам омада пурсид:
– Бачаҳои азизи ман, шерони ман, хезед! Канӣ гӯед, ки кадоме аз шумо ба ман ёрӣ мерасонад? Ба дарахти челон баромада, навдаи қоқшудаашро мебурад?
– Ман падарҷон! – дарҳол ҷавоб додам ман.
– Ту ҳоло хурд ҳастӣ, бигузор бародарат ин корро кунад.
Бародарам каме танбал буд ва падарамро фиреб дода гуфт:
– Падарҷон, мо имрӯз шанбегӣ дорем.
– Хайр... майлаш рав, вале зуд баргард.
– Падарҷон, худам аз уҳдааш мебароям, – боз сари мақсад омадам ман.
Падарам каме фикр карду гуфт:
– Майлаш, аммо эҳтиёт кун, боз наафтӣ.
Ман арраро гирифтаму ба дарахт баромадам. Падарам инро дида, дилпур шуд, ки аз уҳдаи кор мебароям ва аз паси кори худ рафт.

Сарфаҳм нарафтам, ки набояд ба болои он навда нишинам. Ба болояш нишастам ва буридан гирифтам. Ногаҳон садои шикастани шохи дарахт ба гӯшам расид. Як вақт ба худ омада дидам, ки ман дар болои дарахт неву дар замин хобидаам. Ҳама ҷоям дард мекард. Афтоданам дарди ба хайр. Аз шохи дарахт аввал ба болои сими барқ афтодаам. Хушбахтона он рӯз барқро хомӯш карда буданд. Аз он ҷо ба девори тахтагинамон ва танҳо баъди ин ба

пешина
аз 25
навбатӣ