Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Пас пардаи шарму ниқоби ҳаё аз пеш баргирифт ва ҳар шабе аз барои таҳсили лаззат ва рондани айшу ишрат ба хонаи маъшуке мерафт ва бо худ мегуфт:
Имрӯз ба коми хеш дасте бизанем,
З-он пеш, ки дастҳо фурӯбандад хок.
То муддате бар ин ҳодиса бигзашт ва бозаргон аз назораи зироату доду гирифти тиҷорат бозгашт ва дар шаҳр ба тарафе пинҳонӣ фурӯ омад ва асбоби тараб муҳайё гардонид ва бо худ гуфт:
Чун нест мақоми мо дар ин даҳр муқим,
Пас бе маю маъшуқ хатоест азим.
Аз муҳдасу аз қадим кай дорам бим,
Чун ман рафтам, ҷаҳон чӣ муҳдас, чӣ қадим!
Пас гандапиреро, ки ҷавонони бесомон дар таҳти тасарруфу фармони ӯ буданд, талаб кард, то аз баҳри вай зане боҷамол ҷӯяд, ки шабе чанд бо ӯ ба рӯз орад ва гоҳе чанд ба тамошову ишрат бигузорад. Ба иттифоқ гандапир аз равандагони хона ва ошноёни ошёнаи ӯ буд, ки тартиби айшу комронии ӯро ба зимма гирифта буд. Деҳқон диноре чанд бар дасти ӯ ниҳод ва ба талаби ҳарифи айш фиристод. Гандапир зар ба даст овард ва чун касе аз зани ӯ боҷамолтар набуд, ба хонаи ӯ рафт ва гуфт:
– Ҷавоне ба ғоят боҷамол ва бозаргоне бисёрмол омадааст ва мехоҳад, ки рӯзе чанд дасте бар ҳам занад ва чандине зар додаасту ҳуҷра муҳайё карда, зар бигиру биё, то туро он ҷо барам. Зан дарҳол бархост ва бо гандапир бад-он мавзеъ омад. Чун қадам аз дари ҳуҷра дарниҳод, шӯи хешро дид, бе даҳшату ҳайрат фарёд бароварду чанг дар риши мард зад ва «ал-мустағос, эй муслимин»1 овоз дардод ва гуфт:
1 «Ал-мустағос, эй муслимин» – ибораи арабӣ. Ёрӣ диҳед, эй мусулмонон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ