Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
– Эй бевафои қобакор ва эй бадаҳди бадкирдор! Муддатҳо баромад, то бирафтаӣ ва маро ба дасти ғам супурда ва худ бо моҳрӯён ба тамошову ишрат машғул шуда.
Дареғ аҳди вафои ман, эй санам, ки маро
Ғалат фитод ҳаме дар вафову меҳри ту зан.
Маро дар интизор дида чу наргис шуда ва дар умедвории қудуми ту аъзову аҷзо чун савсан ҳама гӯш гашта, қосиду муждарасон таъйин карда, то аз куҷо хабар диҳанд. Ту дар ишрату роҳат ва беғамиву фарогат ва ман дар ранҷу машаққат ва балову азоб монда!
Мард дар дасти зан оҷиз бимонд, хиҷилу мутаҳаййир ва музтарру гирифтор чун саъва дар чанги боша ва чун пил аз неши пашша халосу гурез меҷуст ва мегуфт:
Мискин мани мустаманд аз чандин кас,
Дар дасти ту бебок куҷо афтодам.
То, охируламр, ҳамсоягон даромаданд ва бо сад ҳазор шафоату зорӣ сулҳ карданд ва бад-он қарор доданд, ки мард зарҳо ба зан диҳад ва ба хона барад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ