Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Зани ӯ он фурсат ғанимат шумурд ва он ғайбат давлат гумон бурд ва бо худ гуфт: «Ад-даҳру фурасун ва илло фағусасун»1.

Чун зан дар ҷамол машҳур буд ва дар ҳусну латофат мазкур, ошиқони ҷамоли ӯ толибони висоли ӯ гаштанд ва ҳар як ба қадри ҳолу андозаи тоқат ба давлати висолу саодати ҷамоли ӯ наздикӣ ҷустанд.

Ва ӯ бо худ мегуфт:
Имрӯз ҷаҳонро чу шакар бояд хӯрд,
Ояд рӯзе, ки худ ҷигар бояд хӯрд.

Шайтони нафси аммора бо ӯ мегуфт: «Баҳори ҷавониро ғанимат дор пеш аз он ки хазони пирӣ гулнори рухсор пажмурда гардонад, анор биҳӣ гардад ва арғувон заъфарон шавад, рӯзгори найрангбоз қаҳрабои суда бар орази гули раънои рухсор пароканад ва рагзани заъф нур аз раги дида бикшояд ва заъфарон дар ранги гули рухсор зиёдат кунад ва пеш аз он ки ҷаъди кирӣ ба ифлоси пирӣ бадал шавад, хуршеди ҷавонӣ дар зери абри сафеди пирӣ монад ва ҷамоли давлати ҳаёт пой дар рикоби завол орад ва «аш-шайбу куллуҳу айбун»2 рӯй аз пардаи ғайб бинамояд ва фариштаи барҳамзанандаи лаззатҳо овоз дардиҳаду табли кӯч бизанад, ки тӯшаи сафар бар маркаби рӯзу шаб ниҳед ва дил аз айши дунёву лаззати ӯ бардоред ва гирди сиёҳмӯён магардед, ки ишқу пирӣ сармояи бетадбирист ва шаби висол ба ҳангоми ҷавонӣ зиннати рӯзҳои амирист».

Ҷавониву аз ишқ парҳез кардан,
Набошад магар аблаҳиву сафёҳӣ.

1 «Ад-даҳру фурасун ва илло фағусасун» – зарбулмасали арабӣ: Рӯзгор фурсат аст ва илло ғусса; яъне фурсатро ғанимат дон вагарна, пӯшаймон мешавӣ.

2 «Аш-шайбу куллуҳу айбун» – мақоли арабӣ: Пирӣ саросар нуқсон аст.

пешина
аз 92
навбатӣ