Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

– Эй малик, бандагони даргоҳро фарз аст, ки маликро аз он чи бинанд, огоҳ кунанд ва пандеро, ки судманд аст, бозгӯянд.
Малик гуфт:
– Панд бозгӯй.
Вазир гуфт:
– Пешиниён гуфтаанд: «Ҳар кӣ дар оқибати корҳо андеша накунад, ба ранҷ андар афтад». Ман маликро дар тариқи носавоб мебинам, ки бар душману бадхоҳи хеш чандин атову бахшиш мекунад ва аз ин кор басе ҳарос дорам.

Малик чун ин бишнид, ба ҳам баромад ва рангаш паридан гирифт. Аз вазир пурсид, ки:
– Бадхоҳ кист?
Вазир гуфт:
– Ҳакими Рӯён душмани ҷони малик аст.
Малик гуфт:
– Чӣ гуна бадхоҳ аст, ки бе заҳмати муолиҷат маро аз ранҷи чунон нохушӣ халос кард! Агар ман ӯро анбози1 мамлакату подшоҳии худ кунам, ҳанӯз подоши садяки некуии ӯ нахоҳад буд. Гумон дорам, ки ту ин суханро аз рашк гуфтӣ ва ҳамехоҳӣ, ки ман ӯро кушта пушаймон шавам, бад-он сон, ки малик Синдбод пушаймон шуд.

МАЛИК СИНДБОД
– Шунидаам, ки малике аз мулуки Порс ҳамеша ба нахчир рафтию тафарруҷ дӯст доштӣ ва шоҳине дошт, ки дастпарварда буд ва шабу рӯз онро аз худ дур накардӣ ва тосаке заррин аз барои он шоҳин сохтаву дар гарданаш овехта буд, ки ҳангоми ташнагӣ об аз он тосак мехӯрд. Рӯзе малик шоҳин ба даст гирифта, бо ғуломон ба нахчиргоҳ шуду дом бигустарданд. Ғизоле2

1 Анбоз – шарик, ҳамроҳ.
2 Ғизол – оҳу.

пешина
аз 92
навбатӣ