Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
ба дом афтод. Малик гуфт:
– Ҳар касе, ки ғизол аз пеши ӯ рад шавад, бихоҳам кушт.
Сипоҳиён ба ғизол гирд омаданд. Ғизол ба сӯйи малик биёмаду аз болои сари малик бичаст. Ғуломон ба якдигар нигоҳ карданд. Малик бо вазир гуфт:
– Чӣ мегӯянд?
Вазир гуфт:
– Эй малик, ту гуфта будӣ, ки ғизол аз пеши ҳар кас биҷаҳад, ӯро бикушӣ. Акнун ғизол аз пеши ту ҷаста.
Малик гуфт:
– Аз пайи ғизол хоҳам рафт, то онро ба даст оварам.
Пас малик аз пайи ғизол битохт ва шоҳин бар сари ғизол нишаста ба чашмонаш ҳамезад, то он гаҳ, ки ғизол кӯр гашт ва гурехтан натавонист. Он гоҳ малик расида, ғизолро забҳ1 кард ва аз фитрокаш2 биёвехт. Валекин бисёр ташна шуд, ба сояи дарахте омада дид, ки обе қатра-қатра аз дарахт ҳамечакад. Тосро аз гардани шоҳин бигирифт, пур аз об карда хост бихӯрад. Шоҳин паре бар тосак заду об бирехт. Малик дубора тос пур аз об кард. Чунон ёфт, ки шоҳин ташна аст, об ба пеши шоҳин гузошт. Шоҳин пар бар тосак зада, об бирехт. Малик боз онро пур аз об карда, ба пеши асб гузошт, шоҳин пар зада, об бирехт. Малик дар хашм шуду гуфт:
– На худ об хӯрдиву на ман ва на асбро гузоштӣ, ки об бихӯрад!
Пас теғ баркашида парҳои шоҳинро бияндохт. Шоҳин ба ишорат ба малик бинмуд, ки бар фарози дарахт нигоҳ кунад. Малик ба фарози дарахт нигоҳ карда, море дид, ки заҳр аз он мор қатра-қатра мечакид. Он гоҳ аз буридани парҳои шоҳин пушаймон гашт ва шоҳин ба даст гирифта, ба мақарри худ бозгашт. Ғизолро ба хонсолор супурда худ бар тахт
1 Забҳ – сар буридани ҳайвонот.
2 Фитрок – тасмаи чармин дар зини асп.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё