Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
– Панҷ рӯз пеш ин биҳиро дар кӯча аз кӯдаке бирабудам, тифл гирён шуду гуфт: «Модарам ранҷур аст, падарам се дона биҳӣ аз Басра ба се динор харида ва овардааст». Ман ба сухани кӯдак гӯш надодам, чун биҳӣ ба хона овардам, хотун биҳиро бидид ва онро ба ду динор аз ман бихарид.
Ҷаъфар чун ин бишнид, ба халосии худ нишот карду гуфт:
– Акнун, ки ман аз ҳалок бирастам, ҳалокати ғуломе саҳл хоҳад буд. Чу ҷон ба ҷой бувад, хоста наёяд кам.
Пас аз он ғуломро ба боргоҳи халифа овард ва моҷаро ба халифа бозгуфт. Халифаро аҷаб омад, фармуд, ки ҳикоят бинависанду дар хазина нигоҳ доранд, ки ояндагонро ибрат афзояд.
ҲИКОЯТИ МАЛАКУЛМАВТ¹
ҲИКОЯТИ АВВАЛ
Малике аз мулуки пешин, рӯзе қасд кард, ки бо арбоби давлат савор шавад ва аз барои мардумон беҳтарин зеварҳои худ ошкор созад. Пас умарову бузургони давлатро ба таҳияи берун рафтан бифармуд ва хозинони ҷомаро фармуд, ки беҳтарини ҷомае, ки шоистаи зинати малик бошад, ҳозир оваранд ва асберо, ки дар миёни хайл мавсуфу маъруф буд, бихост. Он гоҳ беҳтарини ҷомаҳо пӯшида, ба некӯтарини асбон барнишасту бо мавкибе² анбӯҳ берун рафт ва ба ҷалолату ҳишмати худ ифтихор мекард. Пас Иблис ба назди ӯ биёмад ва даст бар ҷабини ӯ биниҳоду боди кибру учб³ ба димоғи ӯ бидамид. Малик ба худ ҳамеболиду ҳамегуфт, ки: Имрӯз ба ҷаҳон андар кас монанди ман нест ва ба ин поя ҳашмату ҷалол киро муяссар аст?
¹ Малакулмавт – фариштаи марг.
² Мавкиб – аҳли рикоб, надимону сипоҳиён.
³ Учб – кибру ғурур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё