Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Чун сухани кӯдак бишнидам, донистам, ки ғулом бухтон гуфта ва ман духтарро ба ситамгарӣ куштаам. Пас, ғамину маҳзун нишаста ҳамегиристам, ки амми ман, ҳамин пир ба назди ман омад. Моҷаро бар ӯ баён кардам, ӯ низ дар паҳлӯи ман ба мотам нишаст. Панҷ шабонрӯз аст, ки гирёнем ва ба куштани духтар афсӯс ҳамехӯрем. Туро ба аҷдодат савганд медиҳам, ки маро зуд бикуш.

Халифа гуфт:
– Мумкин нест, нахоҳам кушт, магар ғуломро. Ғуломро аз ту мехоҳам, агар падид наёварӣ, ба ҷойи ӯ туро бикушам!

Ҷаъфар аз пеши халифа бадар омада ҳамегиристу ҳамегуфт: Ло кулла марратин тасламу-л-ҷаррату - яъне, ҳама вақт сабӯ аз об солим дарнаёяд. Агар он дафъа халос ёфтам, ин дафъа кушта мешавам, ки падид овардани ғулом муҳол аст.

Алқисса, Ҷаъфар ба хона омада, се рӯз ба тоат машғул шуд. Пас аз он қозиро хоста васият бигузошт. Дар он ҳангом ҳоҷиби халифа аз дар даромаду гуфт:
– Халифа басе хашмгин нишаста ва савганд ёд карда, ки: «Агар Ҷаъфар ғулом падид наёварад, имрӯз ӯро бикушам».

Ҷаъфар чун ин бишунид, бинолид ва фарзандону канизаконаш бигиристанд. Ҷаъфар фарзандонро як-як видои бозпасин мекард, то ин ки духтари хурдсоле, ки аз ҳамаи фарзандонаш бештар дӯст медошт, аз баҳри видоъ дар оғӯш гирифта ҳамебӯсиду ҳамегирист. Дар он ҳол ба ҷайб - андараш биҳӣ дид, гуфт:
– Эй духтарак, ин биҳӣ аз куҷо овардӣ?

Духтар гуфт:
– Ғуломи мо - Райҳон ду динор аз ман гирифта, ин биҳӣ ба ман дод.

Ҷаъфар чун ин бишунид, хурсанд гардид ва ғуломро бихост. Чун Райҳон биёмад, Ҷаъфар пажӯҳиш оғозид. Ғулом гуфт:

пешина
аз 92
навбатӣ