Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
соъ зару сим биситон!
Бозаргон гуфт:
– Ман наситонам, магар як соъ кайкҳои нару мода.
Он мард гуфт:
– Ман ин ки ту мехоҳӣ, наёрам дод!
Пас, бозаргон бар ӯ ғалаба карда, сандалҳо аз ӯ пас гирифта ба ҳар қимате, ки мехост, сандалҳо бифурӯхт ва аз он шаҳр ба шаҳри хештан сафар кард.
ҒУЛОМИ ДУРӮҒГӮЙ
Шабе аз шабҳо халифа ба Ҷаъфар гуфт:
– Мехоҳам, ки имшаб ба шаҳр - андар бигардам ва аз аҳволи ҳукком огоҳ шаваму ҳар кадом аз эшон ба зердастон ситам карда бошанд, маъзул гардонам.
Пас, халифа бо Ҷаъфару Масрур бархоста ба шаҳр андар ҳамегаштанд, то ба кӯчае расиданд. Марди солхӯрдае дар он ҷо диданд, ки доме бар дӯшу сабаде бар сар ниҳода, асое ба даст гирифта, нарм-нарм ҳамеравад ва абёт ҳамехонад:
Маро зи дасти ҳунарҳои хештан фарёд!
Ки ҳар яке ба дигар гуна дорадам ношод.
Бузургтар зи ҳунар дар Ироқ айбе нест, Зи ман мапурс, ки ин айб бар ту чун афтод?
Таматтуе, ки ман аз фазл дар ҷаҳон бурдам, Ҳамон ҷафои падар буду силии устод.
Чун халифа абёт бишнид, бо Ҷаъфар гуфт:
– Ин абёт гувоҳӣ медиҳад, ки ин мард басе бечиз аст.
Халифа пеш рафта пурсид, ки:
– Эй мард, ҳирфати ту чист?
Гуфт:
– Сайёдам аёлманд, аз нимаи рӯз то акнун басе бикӯшидам, Худои таоло рӯзие имрӯз ба ман нарасонид, навмед бозгаштам ва аз зиндагӣ ба танг омада, дархости марг мекардам.
Халифа гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё