Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
– Ба ту мегӯяд: Даҳонаи дарёро ба даст гирифта ба ман деҳ, то ман ӯро бинӯшам. Ту даҳони дарё натавонӣ падид овард ва натавонӣ гирифт. Он гоҳ ба ту ғалаба хоҳад кард.
Чун бозаргон ин суханон аз шайхи нобино бишунид, донист, ки ба хасмҳои худ чӣ гуна ғалаба кунад. Он гоҳ ҳозирон аз назди шайх бархостанд ва бозаргон низ бархоста, ба макони худ боз гашт. Чун бомдод шуд, нахустин касе, ки ба нӯшидани дарё гарав баста буд, биёмад. Бозаргон ба ӯ гуфт:
– Даҳонаи дарёро падид оварда, ба ман деҳ, ки бинӯшам!
Он мард даҳони дарё натавонист гирифт. Бозаргон ӯро ғалаба карду сад динор аз ӯ бигирифт. Пас аз он порадӯз расид ва аз бозаргон чизе талабид, ки ӯро хушнуд кунад. Бозаргон гуфт:
– Бидон, ки подшоҳ ба душманони худ ғалаба кард ва бадхоҳонаш ҳалок шуданду фарзандонашон бисёр гардиданд. Оё розӣ шудӣ ё на?
Порадӯз гуфт:
– Розӣ шудам!
Бозаргон кафши худро бемузд бигирифт. Пас аз он аъвар даромад ва аз бозаргон дияти чашм бихост. Бозаргон ба ӯ гуфт:
– Ту чашми хеш баркан, ман низ чашми худ барканам ва онҳоро бисанҷем. Агар баробар оянд, ту рост мегӯйӣ ва дияти чашми худ аз ман бигир, вагарна ман дияти чашми худ аз ту биситонам!
Он гоҳ аъвар муҳлат хост. Бозаргон муҳлат надод, то ин ки ба яксад динор сулҳ карданд. Пас аз он марде, ки сандал харида буд, биёмад ва бозаргонро гуфт:
– Қимати сандал биситон!
Бозаргон гуфт:
– Қимати сандал чӣ хоҳӣ дод?
Он мард гуфт:
– Бо ту ба як соъ иттифоқ кардаем, агар бихоҳӣ, як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё