Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

таом хӯрд ва хост, ки берун равад. Саг ӯро ишорат кард, ки ин зарфро бо бақияти таом аз баҳри худ бигирад. Пас он мард зарф бигирифту аз хона бадар рафт ва касе бар асари ӯ наёмаду аз он шаҳр ба шаҳри дигар сафар кард. Зарфро дар он шаҳр бифурӯхту ба қимати ӯ бизоат харида, ба сӯйи шаҳри худ боз гашт ва ба байъу широ бинишасту вомҳои худро адо кард ва неъмату баракат ӯро рӯй дод ва дергоҳе дар шаҳри худ ба сар бурд. Пас аз он бо худ гуфт: «Ночор ман ба шаҳри худованди он зарфи заррин сафар кунам ва аз барои ӯ ҳадяҳое шоиста барам ва қимати зарферо, ки саге аз сагони ӯ ба ман дода буд, ба ӯ бидиҳам». Пас ҳадяҳое шоиста фароҳам овардаву қимати зарфро бардошта, сафар кард ва шабонарӯз ҳамерафт, то ин ки бад-он шаҳр бирасид ва дар кӯчаҳои шаҳр бигардид, то ин ки бад-он маҳаллат расид. Он маконро дид, ки хароб гаштаву ба ҷуз буму ғуроб1 касе бад-он ҷо нест. Аз мушоҳидаи ин ҳол парешонхотир шуд ва гуфтаи шоир бихонд:

Он ҷо, ки буд он дилситон бо дӯстон дар бӯстон,
Шуд гургу рӯбаҳро макон, шуд зоғу каргасро ватан.
Кохе, ки дидам чун Ирам, хуррамтар аз рӯйи санам,
Девори ӯ бинам ба ҳам, монандаи пушти шаман.

Чун он мард он ҳолат бидид, бо ҳузну андӯҳ ёр гашта, ба ҳасрату афсӯс истода буд, ки марди мискинеро бидид ва аз дидани ӯ ба андомаш ларза афтоду ба ҳолати ӯ дилаш бисӯхт. Ба ӯ гуфт:

– Ҳеҷ медонӣ, ки рӯзгор бо худованди ин хона чӣ луъбат бохта ва ғуломони моҳрӯву канизакони зуҳраҷбини ӯ куҷо шуданд ва бунёди ин хона чаро вайрон гашт?

Он марди мискин гуфт:

1 Ғуроб – зоғ.

пешина
аз 92
навбатӣ