Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

АдабиётҲикояФарҳанг
Аз аввал хондан

деҳқон набудааст, магар ситаме, ки ба ин мазлум карда».

БАХШИШИ САГ

Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки марде вом бисёр дошту бечизу бадрӯзгор буд. Аз тиҳидастӣ аҳлу аёли худро тарк карда, аз шаҳр бадар омад ва ҳайрон ҳамерафт. Пас аз дер замоне ба шаҳре бирасиду ба мазаллату хорӣ бад-он шаҳр даромад ва аз гуруснагию ранҷи сафар ба таъаб андар буд. Пас ӯро ба яке аз кӯчаҳои шаҳр гузар афтод. Ҷамъе аз бузургонро дид, ки ҳамераванд. Бо эшон бирафт, то ба ҷойе бирасиданд, ки ба макони мулук шабеҳ буд. Он мард низ бо эшон дарун рафт. Дар садри он макон марде диданд бовиқор ва ҷалолату бузургӣ аз ҷабинаш ошкор буд ва ғуломону ходимон дар пеши ӯ саф кашида буданд. Чун он мард эшонро бидид, бар пой хоста, ба эшон икром кард ва он марди бенаво аз дидани ин ҳолат ба ҳарос андар шуд ва аз мушоҳидаи хадаму ҳашам мадҳуш гардид. Он гоҳ пасттар рафта дар маконе дуртар аз мардум танҳо бинишаст ва ба ҳайрат ба ин сӯву он сӯ назора мекард, ки ногоҳ марде даромад ва чаҳор саги шикорӣ бо худ биёвард, ки бар он сагҳо гуна-гуна ҳариру дебо пӯшонида буданд ва тавқҳои заррину силсилаҳои симин дар гардан доштанд. Пас он сагҳоро ҳар яке ба ҷое ҷудогона басту худ бирафт. Пас аз замоне аз барои ҳар як аз сагон зарфҳои заррини пур аз таоми лазиз биёвард ва зарфҳо дар пеши сагон ҷудо-ҷудо бигузошт ва худ аз пайи кори хеш бирафт. Он марди бенаво ба он таомҳо назора карда, аз шиддати гуруснагӣ мехост пеши яке аз сагҳо рафта, бо ӯ таом хӯрад, вале тарс монеъ буд. Он гоҳ саге аз он сагҳо ба сӯйи он мард назар кард ва ба илҳоми ғайбӣ ҳолати ӯ бидонисту аз зарфи таом пасттар истод ва он мардро ба хӯрдани таом ишорат кард. Он мард пеш омада, ба қадри кифоя

пешина
аз 92
навбатӣ