Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

– Хасмҳои туро гумон ин аст, ки ту ба хонаи эшон дохил гашта, моли эшон дуздидай, вале, эй ҷавон, шояд ки ту ба қадри нисоб1 надуздида бошӣ?
Он писар гуфт:
– Тамомати нисоб дуздидаам!
Қозӣ гуфт:
– Шояд ту дар он мол шарик бошӣ?
Он писар гуфт:
– Ло валлоҳ, ҳамаи мол аз эшон будааст, маро дар ӯ ҳаққе набуд.
Пас Холид дар хашм шуду худ бархоста, ба сӯйи он писар омад ва тозиёна бар вай бизаду ин ду байт бихонд:
Гар шавӣ сифларо насиҳатгӯй,
Назди ӯ саҳлу сарсарӣ бошад.

Он гоҳ фармуд, дасти ӯро бибуранд. Пас сайёф корде буранда аз ғилоф кашид. Он писар даст пеш бурд ва сайёф корд бар дасти ӯ ниҳода, ҳамехост дасти ӯро аз соид ҷудо кунад, ки ногоҳ духтараке аз миёни занон ба шитоби ҳар чӣ тамомгар берун омад, ки ҷомае кӯҳнаву чиркин дар бар дошт. Пас, фарёд бароварда, худро бар он писар бияндохт ва ниқоб аз рӯйи чун қамар як сӯ кард. Мардумон овозҳо баланд карданд ва аз ҳамият ба ҳимоят баромаданд. Наздик шуд ба сабаби ин ҳодиса фитнае барпо шавад. Он гоҳ духтарак ба овози баланд нидо дардоду гуфт:
– Айюҳаламир, туро ба Худо савганд медиҳам, дар буридани дасти ӯ шитоб макун, то ин руқъа бихонӣ!
Пас он духтарак руқъа ба амир Холид дод. Амир Холид руқъа бикушуд ва ин се байт дар он навишта ёфт:
Аё амири музаффар, бидону огоҳ бош,
Ки ҳаст ошиқи ман ин ҷавони поксиришт.

1 Нисоб – моле, ки аз он закот дода мешавад.

пешина
аз 92
навбатӣ