Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
тафарруҷи фалон дузд дарояд ва буридани дасти ӯро мушоҳида кунад, фардо дар фалон макон ҳозир ояд.
Пас он писар дар зиндон ҷой гирифт ва қайди оҳанин дар пояш биниҳоданд. Оҳе кашида, об аз дидагон бирехт ва ин ду байт бархонд:
Он на ишқ аст, ки аз дил ба забон меояд,
В-он на ошиқ, ки зи маъшуқ ба ҷон меояд.
Ошиқ он аст, ки бехештан аз завқи самоъ
Пеши шамшери бало рақскунон меояд.
Чун зиндонбонон ин шеър бишуниданд, ба назди амир Холид омада, ӯро огоҳ карданд, ки ин ҷавон ошиқ аст. Чун шаб даромад, пардаи шаб ба ҷаҳон фурӯ овехт. Амир Холид он писарро бихосту бо ӯ сухан гуфт. Он писарро бисёр хирадманду адиб ва зарифу ҳушёр дида, фармуд таом аз баҳри ӯ биёваранд. Пас аз он писар хӯрданӣ бихӯрду соате бо амир Холид ҳадис гуфтанд.
Он гоҳ амир Холид гуфт:
– Ман донистам, ки туро ба ҷуз дуздӣ ҳикояте ҳаст. Фардо чун қозӣ ҳозир шавад ва мардумон ҷамъ оянду аз ту суол кунанд, ки: Дуздӣ кардай ё на? Ту эътироф макун. Сухане бигӯ, ки аз буридани даст бираҳӣ, ки Пайғамбар, алайҳиссалом, фармудааст: «Идраъу ал-ҳудуда би-ш-шубуҳотӣ».
Пас аз ин амир Холид ӯро ба зиндон бифиристод. Он шабро ба зиндон - андар ба рӯз овард. Чун рӯз баромад, мардумон ба тафарруҷи он писар дар макони мавъуд гирд омаданд ва дар Басра аз марду зан ҳеҷ кас намонд, магар ин ки ба тамошои уқубати он писар бадар омаданд ва амир Холид низ бо бузургони Басра савор гашта, бад-он макон даромаданд ва қозиро низ бихостанд. Он гоҳ ба ҳозир овардани он писар бифармуд. Дарҳол он писарро бозувон баста, пой дар қайди оҳанин биёварданд ва ҳеҷ кас ӯро дар он ҳолат надид, магар ин ки бад-ӯ бигирист ва занонро овоз ба гиряву шеван баланд шуд. Қозӣ фармуд, занонро сокит карданд. Он гоҳ ба он ҷавон гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё