Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Сад динор.
Фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Панҷоҳ динор.
Фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Сӣ динор.
Фармуд:
– Бисёр аст!
Гуфт:
– Ба Худо савганд, саворе, ки маро пеш омада буд, басе марди шум будааст. Аз сӣ динор камтар чӣ хоҳад буд!
Пас Маън бихандиду ҳеҷ нагуфт. Он гоҳ аъробӣ донист, ки ӯ ҳамон савор аст, ки пеш омада буд. Пас гуфт:
– Ё саййидӣ, агар сӣ динор набошад, инак хар бар дар истодаву амир Маън ибни Зоида нишастааст!
Амир чандон бихандид, ки бар пушт афтод. Пас аз он вакили худро хоста, фармуд, ки:
– Аъробиро ҳазор динор ва понсад динор ва сесад динор ва дувисту яксаду панҷоҳ динор ва сӣ динор бидеҳ, то бигузорад, ки хар бар дар истода бошад.
Пас аъробӣ ду ҳазору яксаду ҳаштод динор гирифта, мабҳут гашта, санохону дуогӯён бозгашт.
ҶАВОНИ КАРИМ
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Холид ибни Абдуллоҳи Қасрӣ амири Басра буд. Рӯзе ҷамоате писари некӯрӯву хирадмандеро гирифта, ба назди амир оварданд. Амир Холид аз қиссаи эшон боз пурсид. Эшон гуфтанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё