Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

АдабиётҲикояФарҳанг
Аз аввал хондан

– Се дасту пойи дарозгӯшро ба ӯ ҳаволат карда, бо дасте тиҳӣ ба хонаи худ боз гардам.

Пас Маън аз сухани ӯ бихандиду асб ронд ва ба ғуломон дарпайваст ва дар манзили худ фуруд омада, ба ҳоҷиб гуфт:

– Агар марде ба дарозгӯш нишаста, хиёр биёрад, ӯро назди ман оваред.

Пас аз соате он мард биёмад, ҳоҷиб ӯро ҷавози духул бидод. Чун ба назди амир Маън ибни Зоида даромад, нашинохт, ки амир ҳамон савор аст, ки ӯро пеш омада буд, аз он ки хадаму ҳашам бисёр буд ва ҳайбати амир бад-ӯ ғалаба кард.

Пас, чун мард салом дод, амир фармуд:

– Ё ахалараб,1 чӣ овардаӣ?

Гуфт:

– Дар ғайри мавсим хиёр оварда, аз амир таманное дорам.

Фармуд:

– Чанд таманно дорӣ!

Гуфт:

– Ҳазор динор.

Маън фармуд:

– Бисёр аст!

Гуфт:

– Понсад динор.

Фармуд:

– Бисёр аст!

Гуфт:

– Сесад динор.

Фармуд:

– Бисёр аст!

Гуфт:

– Дувист динор.

Фармуд:

1 Эй бародари араб.

пешина
аз 92
навбатӣ