Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

АдабиётҲикояФарҳанг
Аз аввал хондан

рӯзгор ӯро мол талаф шуду ҳол дигаргун гашт ва рӯзии худро ба машаққат таҳсил1 мекард. Шабе аз шабҳо бо ҳузну андӯҳ бихуфт, дар хоб дид, ки гӯяндае ба ӯ ҳамегӯяд, ки: «Туро рӯзӣ дар Миср аст, ба сӯйи Миср сафар кун!».

Он мард ногузир ба сӯйи Миср сафар кард. Вақте ки ба Миср даромад, ҳангоми шом буд. Дар масҷиде бихуфт ва дар ҳамсоягии масҷид хонаи марди мутаваллӣ буд. Ҷамоате аз дуздон ба масҷид даромаданд ва аз девори масҷид ба он хона рафтанд. Аҳли он хона аз омадани дуздон бедор шуданд ва нолаву фарёд бароварданду истиғоса2 карданд. Шаҳна бо тобеони худ ба истиғосаи эшон биёмад. Дуздон гурехтанд ва шаҳна ба масҷид даромада марди бағдодиро дар он ҷо ёфт. Ӯро бигирифт ва бо тозиёнааш чандон бизад, ки ба ҳалок наздик шуд. Пас аз он ба зиндонаш бифиристод ва се рӯз марди бағдодӣ ба зиндон андар буд. Он гоҳ шаҳна ӯро ҳозир оварду ба ӯ гуфт:

– Аз Бағдод сабаби омадани ту ба сӯйи Миср чӣ буд?

Гуфт:

– Ман дар хоб дидам, ки гӯяндае ба ман гуфт, ки: «Туро рӯзӣ дар Миср аст, ба сӯйи Миср бирав!» Чун бад-ин ҷо омадаму тозиёна аз ту бихӯрдам, донистам, ки рӯзии ман чӣ будааст.

Шаҳна аз сухани ӯ бихандиду ба ӯ гуфт:

– Эй камхирад, ман се бор дар хоб дидаам, ки гӯяндае ба ман гуфтааст, ки: «Дар Бағдод дар фалон макону фалон маҳалла хонае ҳаст ва дар он хона ҳавзе аст ва дар зери он ҳавз моле аст фаровон. Ту бад-он ҷо рафта он мол берун овар!». Ман ин хобро бовар накардаву сухани гӯяндаро напазируфтам ва ту аз

1 Таҳсил – ҳосил.
2 Истиғоса – ёрӣ хостан, додхоҳӣ.

пешина
аз 92
навбатӣ