Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Дар он ҳангом он ду ҷавон гуфтанд:
– Эй Умар, мо хуни падарро ба ин ҷавон бахшидем, то нагӯянд, ки эҳсон аз миёни мардум бардошта шудааст.
Пас Умар аз бахшидани он ду ҷавон ва аз росту паймондустии он ҷавони қотил ва аз ҷавонмардии Абузар хушҳол шуду ба он ду ҷавон гуфт:
– Дияи падарро аз байтулмол бигиред!
Он ду ҷавон гуфтанд:
– Мо ба ҷиҳати ризои Илоҳӣ аз ӯ даргузаштем ва чашмдиди хутоми1 дунё надорем!
ҲИКОЯТИ АҶУЗ2
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Абусувайд гуфтааст: Иттифоқан, ман бо ҷамоате аз ёрони худ рӯзе аз рӯзҳо ба боғе даромадем, ки аз меваи он боғ широ3 кунем. Дар васати он боғ аҷузе хушсимову накӯрӯйро дидем, ки басе сабоҳату малоҳат дошт, вале мӯйҳои ӯ сафед шуда буд ва ӯ бо шонае аз оҷ сари худро шона мекард. Мо дар назди ӯ биистодем, ӯ сар аз мо напӯшонид. Ман ба ӯ гуфтам:
– Эй аҷуз, агар ту мӯйҳои худ ранг кунӣ, то сиёҳ шавад, ҳаройина аз духтарон накӯтар хоҳӣ шуд.
Аҷуз сар ба сӯйи ман бардошту ин дубайтӣ бархонд:
Расид навбати пирию рафт барной, Дил аз нишоту тараб ноумед бояд кард.
Сарам сафед шуду нома аз гунах сиёҳ аст, Ба оби тавба сиёҳро сафед бояд кард.
ХОБИ АҶИБ
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки дар Бағдод марде худованди неъмат буду моле бисёр дошт. Аз ҳаводиси
1 Хутом – моли дунё.
2 Аҷуз – пиразан, кампир.
3 Широ – харидорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё