Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама ҷом баланд карданд ва Тойиси нозанин пеш омада ҷоми дасти падарро гирифта сўйи шоҳ боло кард. Искандар дигар натавонист тоқат кардан. Фурў рафт аз маснади хеш ва ҷоми заррин бар даст сўйи гетери ҳушманд омад. Чун падари духтар ҳамроҳаш буд, Искандар ҷоми дўстгонӣ дарёзид сўйи Тойис ва гетери бофаросат низ даст ба дўстгонӣ дарёзид ва дастҳо миёни ҳамдигар гузошта, оринҷак қат гашта, ҷомҳо пеши рў омаданд ва ҳар кас шароби ҷоми хеш ошомид. Ва Искандар пай бурд, ки оташи чашмони шўхи духтар хонайи дили шоҳро оташ зад.
Каф кўфтанд ҳама. Онаниюс бархоста баробари дигарон каф кўфт, ки духтари дўстдоштайи модармурдайи ў чунин хуш омада шоҳро. Баройи савдогар гўр сўзаду дег ҷўшад. Агар духтараш нисбати шоҳ гардад, давлаташ омад хоҳад кард. Аз рўйи дарёфти тоҷир маҳбубтарин кас баройи шоҳ ин шом духтари ў буд.
Шоҳ ангушта зад. Садойи мусиқийи хуш баланд гашт. Ҳамагон ба рақс омаданд: шоҳ ҳам, тоҷир ҳам, Олимпиадаву Ланика ҳам.
Олимпиада давр гашта – давр ташта бо нозу адо назди тоҷири пир ҳозир шуд ва бо ишвайи олимартабайи шоҳӣ ва бонуйи хубон, ки гўйӣ нозғунҷи Онаниюс бошад, фармуд:
— Мазмун, қудо мешудагӣ барин?
— Қудову анда, шаҳбону, – ҳам фарзандон ва ҳам худҳошонро дар назар дошта гуфт тоҷир.
— Ман низ бар онам, тоҷири овозадор.
Онаниюси пурдидаву рамузфаҳмро хуш омад ин сухан ва табассум кард чашм хумор дошта. Ва маликайи одаткарда ба нозу ишваву адо ба ишорайи чашму абрў ва сар такон додан писандид ишорайи тоҷирро.
Шоҳзодайи мисрӣ Биталомуси пилзўр, ки аз дидори аввал гирифтори ҳусну ҳунари Тойиси нозанин гашта буд, аз намойишкориҳойи Искандар дандон месойид чун шағоли бахашмомада.
Биталомуси пилзўр бар он аст, ки Тойиси чобуку чолок зўру тавони шоҳзодайи мисриро аз ҳамагуна давлату доройӣ ва шўҳрату овоза ва рўзгори боргоҳ боло медонад ва рўзе ҷавонмарди комил будани ўро дарёфта сўяш менигарад. Ҳамин хел пиндошта буд ў.
Чун аз духтари тоҷири отинӣ майлу марҳамате надид ва ҳаваси ўро ба шоҳи навқирон афзун дид, кин гирифту ғазаб кард ва ҷабр ба дандонҳойи хеш: дандон месойид бо ғазаб ва садояш шунида мешуд аз паҳлў.
Искандарро хуш омад андар саҳни диж базм оростан. Ширакайф пеши назар овард, ки чӣ қадар дижҳоро абгор кард андар як соли шоҳиаш ва Худо донад, ки боз чӣ миқдор коху кўшкҳоро валангор гардонад. Вале чунин андеша гарди сари мижгон буд, ки афтид ба зер ва дигар ёди онро накард шоҳ, бал гирифтор аст ба нигоҳу сўҳбати гетери хушзавқ Тойиси соҳибҷамол ва ба фаромўшӣ дода ҳама фикру ҳама чизро.

пешина
аз 390
навбатӣ