Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Садойи хоболуди гетер омад аз дарун ва Искандар, ки хумораш кам шуда буд, ворид гашт ба кулбайи хурд. Вале гетер аз бистар барнахост. Ў чун шаби пеш бараҳна буд.
— Эрис!
Садо дардод Искандар. Гетер чизе нагуфта даст ҳалқа кард бар гардани шоҳи ҷавонбахт ва лаб ба лаби ў овард. Искандар донист, ки ў на Эрис аст. Балки сардори гетерҳост: зани миёнсоли пурдида, ки дар аҳди Файлақус низ ин мақомро соҳиб буд. Шоҳ Файлақус низ дар сархушиҳояш гоҳ-гоҳ ин дарро мекўфт. Аз ҳамон вақт одат шуда, ки гетер дари хеш набандад ва бараҳна хусбад.
Гетер он қадар боҳунар буд, ки бо вуҷуди шинохтанаш Искандар натавонист хушклаб биравад аз он ҷо. Гетер боз ком бардошт аз шоҳи ҷавон, вале ў ба худ омада боз пурсид:
— Куҷост Эрис!
— Эрису Тойис дар боргоҳи шоҳӣ зиндагӣ надоранд, шоҳам, онҳо духтарони тоҷирҳойи юнонӣ ҳастанд..
— Ту бояд онҳоро ба боргоҳ биоварӣ! – Чун амр гуфту аз дар баромад шоҳ ва дигар ба он дар наздик наомад...
БаНди ҲАШТУМ
Чун кинаварийи шоҳи ҷавон дар империяйи назди нимҷазирайи Балкан овоза гашт, музофотҳойи ба зарби шамшер зери тасарруф овардайи Файлақуси II аз тобеъият саркашӣ карданд.
Дар Элладаву Юнон шўру балво сар зад аз ҷавон будану бедодиҳойи Искандар.
Искандар бар маснади шоҳӣ бинишаст, пардохт ба қасду қасос ситонидан: Александри линкестидӣ сари бародарони хеш Ҳеромен ва Аррабейро биовард баройи шоҳи ҷавон; Искандар вориси қонунийи тахту тоҷ Аминтайи писари шоҳ Пердиккаро кушту занаш Киннана – хоҳарзодайи Файлақусро ба яке аз ҷўраҳояш дод; меҳтарбародари модарҷудояш Қорунро кушту бародари ақлбохтааш Арридусро озодӣ бахшид... ва чунон рафтору кирдор дошт, ки аз тухмайи шоҳони аврангзеб наринае намонд. Қиём карданду шўр, вилояту навоҳийи давлати Файлақусӣ шоҳи ҷавонро хунхор ва бадкинаву бадхоҳ дарёфт.
Дар маҷлиси дўстон ба шоҳи ҷавон маслиҳат доданд, ки ба воситайи силаву хоста, ваъдаву войизҳойи зиёд қиёми эшонро фурў нишонад, сулҳ бандад, то империяйи мақдуниён пойдор бошад.
Аммо Искандар напазируфт пешниҳоди ононро ва фармуд:
— Ҷуз теғу шамшер чизе фурў нанишонад ошўби ғуломонро!
Лашкар орост, биншаст ба Бусефали бодпой. Бусефал пўшида буд бо кажину баргустувон. Сипаҳдор ҷавшан карда ба бар ва хўд ниҳода ба сар, мусаллаҳ ба синону сипару шамшер, ба камону найзаву тир...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё