Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон ки баройи ин пирўзӣ тамрин кардаву омода сохта духтарро.
Нам гирифт пешонийи духтар. Арақ кард, қатра гашт, шорид. Искандар дид ин ҳолро ва пеш рафта рўймолчайи Ланика дар ҷайбаш гузоштаро бароварда бисутурд хайро. Духтар зону қат кард ва нигарист ба чашми Искандар. Чашмони оташбораш сўзонд дили шоҳи ҷавонро.
Олимпиада он ҳолатро дид ва сар сўйи эшон каҷ карда ба тоҷир намуд:
— Бубин.
— Ҷавонӣ. – Табассум кард тоҷир.
— Ҳо, ҷавонӣ...
Сўҳбати эшонро қўр гиронд ин ҳолат ва Онаниюси кашол ба Олимпиада ҷафстар шуд, ки муроде ҳосил мегашта бошад.
Тойиси отинӣ сина меҷунбонду шона, лўлиёна. Диққати ҳамаро рабуда буд. Шоҳзодайи мисрӣ Биталомус чун шағоли хашмӣ дандон месойид, вале ба зўри бозу аз Искандар боло бошад ҳам, илоҷи сухан гуфтан надошт.
Андар тарабхона ҷо ба ҷо шуданд устодони Искандар, ашрофу акобир, сипаҳсолору сипаҳбадон, ҷондорон ва ёрони шоҳи тозаҷулус. Аввал дуру дароз каф кўфтанд баройи шоҳи нав росто, то эҳтирому самимияти хешро зоҳир кунанд. Волиҳо, сатрапҳо ва ҳокимони аз вилояту шаҳрҳойи Мақдуниё ва меҳмонони аз Юнон омада бо сахт кўфтани кафҳо худро ба Искандар нишон додан мехостанд. Вале чунин кирдору рафторҳо баройи шоҳ аҳамият надошт. Кори шуданӣ шуд: у бар маснад нишаст. Акнун дар ғами ишқи духтари тоҷири корчаллон аст. Духтар ҳамагӣ ду кас дар миён дуртар аз шоҳ нишаста: Искандар, Олимпиада, Онаниюси тоҷир, баъд Тойис. Баройи Искандар хеле дур тобад ду кас дар миён нишастани духтар. Хаёлаш, ки бо модар иваз кунад ҷойи ўро. Имрўз ба назари Искандар меҳмони азиз – Тойис, ба назари Олимпиада – Онаниюс. Ҳар кас масофаро бо қадами хеш чен мекунад. Вале ҳозирин ҳайрон, ки чаро тоҷири корчаллон ин қадар азизу наздик шуда буд ба хонадони шоҳӣ? Касе аз бадра ёд накард.
Балки баъзе тоҷирро часпониданд ба Олимпиадайи нозанин ва бархе гуфтанд, ки аз баройи духтари тоҷир – Тойис бувад ин кор.
Шоҳ малика ҷўяд. Вале одамони рўзгор ва ботаҷриба донанд, ки ин кори зарру хоста бувад. Ҷуз Худованд ҳамаро бо зарру зевар харидан имкон дорад, аз ҷумла шоҳонро. Онаниюс беустухон аст дар чунин корҳо. Як сарф кунаду ҳазор кашад, пасон осуда гардад.
Вой бар оне, ки надораду сарф накунаду чизе ба даст наёрад...
Димитриуси табиб ду кўзаро назди шоҳ гузошт. Шоҳ медонист, ки шароби тоза ва аз назари табиб гузаштаро хўрдан равост.
Биталомус ҳамон лаҳза ҳозир шуд ва майгусорӣ кард.

пешина
аз 390
навбатӣ