Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Искандар аз ройи хеш гашт. Бо ҳамон либосе, ки ба забти диж омада буд, ба тарабхона рафтагор шуд, ҷуз он матоъи сиёҳ, ки даҳону бинӣ баста медошт.
Олимпиада сари роҳи писар гирифт:
— Ту дигар шоҳзодайи ҳарбак найӣ. Шоҳӣ! Сару тан дуруст бикун, пасон назди дўстон бирав!
— Модар, фаромўш накунед, ман шогирди Арасту ҳастам...
— Донам. Ман ўро баройи ту пазируфтам... – Гўйӣ Искандар ҳарфи модарро нашунид ва ё шунидан нахост, ки идомайи фикрашро иброз дошт:
— ...Ў аз худ бурун рафтанро дўст надорад. Ҳар чизро дар меъёри аслиаш мешиносад ва мефармояд: «Ҳар чиз ном дораду мақом».
— Офарин ба равони ў, вале ҳар кор ҳадде дорад...
— Ман ҳам ба ҳамин ният ба қаср даромада будам, ки либос бадал кунам, аз андешаам гаштам. Ин бор биравам бо чунин сару либос, дигар бор гуфти шумо шавад.
— Рой турост, шоҳи ҷавонбахти ман...
БаНди ПАНҶУМ
Искандар бо он сару либоси низомӣ биомад назди дўстон.
Шаҳбону менозид ба хеш ва рў ба рўйи ойинайи баланду фарох, ки дар тамоми Мақдуниё ягона буд ва онро Файлақус аз набарди Юнон оварда буд, ки моли порсиён медонистанд, бозистода бо ҳазор ишва таннозӣ мекарду меболид, ки Олимпиада чун ин ойина дар тамоми империяйи мақдуниён яктост. Шаҳбону он қадар хушандому боҷамол буд, ки Ланикайи меҳрубон ўро аз тухмайи париён медонист ва ҳар гоҳ баройи шукуфтани чеҳрааш мефармуд:
«Раббулнавъ Зевс ҳар париро намедуздад». Онҳо завқ мекарданд...
Ҳолиё дар ойина мебинад хешро ва тасаввур дорад, ки об хўрад, дар гулўяш метобад. Ишва дорад андаруни ойина ва нозу таманно.
Суол мекунад дар дил, ки бо чунин зебойӣ чуну чаро бо он марди зишти якчашмайи бадхўву сияҳмаст ҷавонийи хешро гузаронд?
«Баройи Искандар...» Пушаймон нест, вале аз он ки Павсанийи хирснерў аз баройи ў ҷонашро фидо кард, афсўс мехўрад. Ва худ ба худ гуфтор карда сар меафшонад, ки сабаби аз ҷондорийи шоҳ Файлақус рафтани Павсанийро ҷуз худашу шавҳарашу шодравон ҷондор касе надонад. Беҳуда Атталро бадном кунанд, ки хашм гирифта, ўро аз даргоҳу вазифайи ҷондорӣ ронда буд. Атталро шоҳ ангехта буд аз рашк, ки муносибати Олимпиадайи зеборо бо ҷондораш Павсаний пай бурда буд. Афсўс ки наметавонист ба зани мардмиҷози кинавари қасдситонаш чизе бигўяд аз сустийи хеш. Танҳо тавонист дар базми шоҳона Аттали сипаҳсолорро бар ў ангезад. Оқибат он шуд, ки Аттали худбовари худхоҳ сўйи Павсаний ҷоми пурмай андохт ва Павсаний шоҳро пушту паноҳ дониста, дарафтид ба Аттал.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё