Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Баройи шумо эҳтиёт кардам, шоҳам! Муборак бошад! Насиб кунад! Тахти бахт гардад! – ва сиришк шорид рухсорашро, ки сабабу мазмуни чунин ашкро ҷуз ў касе намедонист.
Искандар ба ақлу фаросати худ тахмин кард, ки модар баройи хориҳойи гузашта мегиряд, ҳарчанд ки они гиря ва ҳузн нест, шодмонӣ бояд кард. Ў низ натавонист чунин ашкро сарфи назар кунад. Афтид ба пойи модар, оғўш кард. Ва бо чунин ҳаракат ҳама эҳтирому таманнойи хешро зоҳир кард ба модар. Зеро шоҳзода модари хешро аз падар боло медонист ва равшан буд, ки падар баройи ў чӣ карду модар чиҳо.
— Бархез, ҷони модар, ҳарчанд ман модарам, ин кор ба шаъни шоҳ назебад, – даст ёзида, бардоштанӣ шуда гуфт модар.
Ва Искандар аввал пойи модар бибўсид, пасон бархост, ки дидагонаш тар буд. Модар ашки чашмони ўро бо нўки остин сутурд ва боз бўсид:
— Муборак бошад...
— Шуморо низ...
Чунин ҳарфҳойи пасту пичирросиро танҳо модару писари аламзада ҳазм карда метавонистанд, ки зери ин садойи пасти дуздона чӣ гуфтору рафтору кирдорҳо ниҳон аст. Гўё миёни ҳазорон душман бошанд, шаҳбону садо баланд карда натавонист, балки мижа таҳ кард. Чунон вазнин буд бори мижааш, ки ду оламро ба ҳам зада бошад. Олимпиада мегирист алам кашида, Искандар механдид рўҳи модар болида дошта ва баракс Искандар мегиристу Олимпиада механдид, чунон ки Яъқубу Юсуф аз шодийи дидор.
Аламу хорийи гузаштаро танҳо онҳо медонистанд. Олимпиада низ бо чунин маънӣ дард кашида, ашки хеш ва сиришки писар аз чашму рухсораҳо бо нўки остин бардошта ва ба хонайи ҷиҳоз бирафт, то баройи шоҳ либоси фохира биоварад. Зеро пўшоки сарбозонайи Искандар ин замон бо номи шоҳийи ў мутобиқу мувофиқ набуд.
Искандар оне танҳо бимонд ва дарёфт, ки чӣ тиҳист ин кўшку толори фароху диж, чунон ки Олам. Ва баройи ҷойи холӣ ин қадар ташвиш, даву ғеч, тохту тоз, хунрезиву хунхорӣ, бадхоҳиву бадномӣ, иблисиву аҳриманӣ ва гетӣ оташ заданҳо... Вале ҳанўз Искандар ба умқи андеша нарасида ва надонад, ки пушаймонӣ дорад ё шодмонӣ, шайтонӣ дорад ва ё раҳмонӣ. Ба ҳар тақдир ҷавон дар таъсири таълимоти Арастуст ва некӣ афзал донад бар бадӣ... Хаёлу гумонҳо ва тахминҳойи андаке пеш дар ҳаққи модар аз дил гузаронидаашро ёд меорад ва хешро мазаммат мекунад, ки чӣ бадгумон аст. Ва хешро сарзаниш мекунад дар андешааш.
Олимпиадайи сарвболойи хушхиром, домони дарозаш фарш рўфта, либоси фохири шоҳӣ бар сойиди чап ва тоҷи мукаллал андар дасти рост фарозгардану хушлаб бозомад.
— Шумо чӣ кор мекунед, модар?

пешина
аз 390
навбатӣ