Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онон пайдо набуданд.
Бо ишорайи Антипатр саркотиб Эвмен лўлайи коғаз кушод ва хулосайи қарорро хонд:
«Шўройи аъёну акобир ва сарони ҳарбияйи Мақдуниё қарор мекунад: шоҳзодайи мақдунӣ Искандари ҷавон пури шоҳ Файлақуси II валиаҳди шоҳи Мақдуниё дониста шавад!».
Ғирев карданд аз ду тараф, чунон ки вақти ҷанг. Вале садоҳойи «Шод бошу зинда бош!» боло мегирифт ва саворону пиёдагон ҳамдигарро пасту баланд ба оғўш мекашиданд, дастфишорӣ мекарданд. Гулафшонӣ шуд дами дарвоза ба сари шоҳзода. Ва пардадор назди асби Искандар омада фармуд:
— Пўзиш мехоҳам, валиаҳд... Минбаъд ҳукми шумо равост.
Дар оянда бе рухсати шумо ва ё сипаҳдор ба касе дари ҳарам накушоям...
— Ман ҳама рафтори туро зери назар доштам, ҳоҷиб. Агар дар боз мекардӣ, хуш наёмада будӣ маро... Минбаъд ҳам туро пардадор медонам...
Ҳоҷиби пир шод буд, ки ба ростӣ мақом меёбад, ки кам рух диҳад дар зиндагӣ. Даст пеши бар чун таълими шарқиён тавозўъ дорад пардадор ва хушодоб намояд.
Искандар дар кўшку ҳарами ин диж ба воя расида, то боз гаштани дарвоза шитоби ба қаср даромаданро надошт. Вале чун қарор хонда шуд, зудтар даромадан хост ба диж савора ва дарёфтанӣ буд онҳоеро, ки намебинад миёни сарон. Ў ба ҳукм асб ронд сўйи кўшку ҳарам ва дидан кард аз толор, вале касоне, ки ў диданӣ буд, пайдо набуданд. Асб ронд гирдогирди кўшку кох, дар ҷое пайдо нашуданд писарони князи линкестидӣ. Ва боз асб ронд то дами дарвоза. Дучор омад Антипатрро.
— Чаро осемасарӣ, Искандар? – ба оҳанге пурсид, ки шоҳи ҷавон вомдор бошад.
— Писарони княз куҷо шуданд? – қасд пинҳон дошта натавонист шоҳзода.
— Онҳо аз паси ту баромада буданд, шоҳзодайи ҷавонбахт.
– Мазмун, аз муомилайи аввал ранҷиши Искандарро пай бурда буд, ки оҳанги сухан дигар кард ва изтироби хешро то андозае бозгуфт: – Мо парешон шудем, шоҳ!
Антипатр нахуст Искандарро шоҳ номид. Чун дар маҷлис сипаҳсолор ўро ҷонибдорийи зиёд карда буд, назди ў худро вомдор медонист шоҳи ҷавон ва ба ў табассум ҳадя кард, то ў донад, ки дилу чеҳрайи шоҳзода кушода бувад баройи сипаҳсолори кордон.
— Ва раҳо кардӣ гургонро? – ногаҳонӣ буд пурси Искандар сипаҳсолорро, табассуми ҷавобӣ дар лабонаш шикаст ва посух дод:
— На. Чунон ки мебинӣ, Файлотус низ миёни мо нест...

пешина
аз 390
навбатӣ