Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гардонд. Ва агар Искандар пайғамбарӣ дошт дар достони «Минуйи хирад» (Қазовати рўҳи хирад), ки дар замони шоҳи сосонӣ Хусрави 1 (531 – 579 м). таълиф шуда, эътибори шайтониаш боло намегирифт: «Чунон ки пайдост Ҳурмузд Ҷамшед ва Фаридуну Ковусро бемарг офарид ва Аҳриман чунон ононро бигардонид, ки ошност. Ва Аҳриман Баеврост (Заҳҳок) ва Афросиёбу Искандарро чунон мепиндошт, ки бемарганд. Ва Ҳурмузд баройи суди бузург
1 (ононро) бигардонид, чунон ки пайдост».
Бо вуҷуди ин ҳама «тавсиф» назари ман ба Искандари Мақдунӣ манфӣ набувад, чунон ки ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол Афросиёби аҳриманро сарзаниш накарда, иқтидору тавон ва бузургиву шукўҳи ўро баробари сифатҳойи наҷиби Рустами Дастон медонад ва хону корномаҳояшро ситойиш мекунад.
Меоем ба сари новарди дигари Зулқарнайн: «Дуввум дар ҷанги Машриқ то он ҷо расидааст, ки дигар ҷуз саҳрое хушк ва бидуни ободӣ надидааст ва сокинони он низ бадавӣ (бодиянишин)
2 будаанд...».
Пайдост, ки ин ҷанг аз Фаластин сўйи Бобул рафта – ба Шарқ.
Вале сўйи Машриқ рафтани Искандар саҳл набошад; на танҳо саҳроҳойи хушк, балки баҳру барро паймуда, на танҳо бадавиҳоро дида, бал бо бисёр шаҳрҳойи ободон ва мардуми бофарҳангу хирадманд дучор омада, чанд бор бо Доройи саввум рў ба рў шуда, эллиниҳоро аз тасарруфи порсҳо озод карда, сўйи Ҷануб хамида, ҷониби Шарқ рафта, ба Шимол рў оварда, боз ба Офтоббаро гашта, корвон-корвон зарри Порсро ба Мақдуниё фиристодааст ва то Тахти Ҷамшед омада Истахрро оташ зада, гўри Курушро аз баройи зарру зевар кушуда, ҳамаро сари роҳ куштаву сўхтаву рабудааст. Ва аз он ки Зулқарнайн дар ҷанги Машриқ танҳо бо бадавиҳо дучор омада, ў Искандар набошад. Дуруст, ки набарди Искандар ба Шарқ ҷанги бузург буд ва ҳама душманонро барбариҳо медонист, ҳатто шимолиёнро ва мақдуниёни шимолиро ва хатти пархоши ў аз Фаластин сўйи Бобул рафтан нест, балки аз Мақдуниё то Порсу Бохтару Суғд рафтан аст.
Ва ҷанги саввум омада андар «Қуръон» чунин: «Кори саввум, ки шоҳкорийи ўст, расид ба танггаҳ ва дарайи саъбулубур буда, ки аз варойи он танггаҳ иддае мураттибан ба сокинони ин минтақа ҳуҷум меовардаанд ва ононро ғорат мекардаанд. Сокинони ин минтақа қавми мазбурро «Яъҷуҷу Маъҷуҷ» номида будаанд, қавми мазкур ваҳшӣ ва бидуни тарбият ва фарҳанг будаанд...
4 — Султон (Зулқарнайн) дар баробари ҳуҷуми ин қавм садде бино кардааст.

  1. Маҷаллайи «Садойи Шарк», 3 – 4, 1994, саҳ. 126.
  2. «Куруши Кабир».
пешина
аз 390
навбатӣ