Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бале, дар борайи Куруш афсонаҳо зиёданд ва афсонаҳо ўро ба пайғамбарӣ васф мекунанд, ки ба Зулқарнайн мечаспад.
2 — «Худованд кишвареро ба кафи кифояти ў супурда ва васойили ҳукмронӣ ва салтанатро баройи ў фароҳам сохта-аст».
3 — «Корҳойи умдайи ў иборат аст аз се ҷанги бузург: аввал дар Ғарб, то он ҷо ки ба ҳадди Мағриб расидааст – ва он ҷоро ҳам, ки Хуршед ғуруб мекунад, ба чашм дидааст».
Ва аз ин ҷо бармеояд калавишҳо ва дуфаҳмиҳо: Искандар низ чун Куруш се ҷанги бузург карда, вале нукоте, ки дар «Қуръон»
зикр мешавад бо лашкаркашиҳойи Искандари Мақдунӣ рост намеояд: аввал, Искандар ҳеҷ гоҳ аз Шарқ сўйи Ғарб нарафта, балки аз Шимол ба Ҷануб омада – аз Мақдуниё ба Юнон ё аз Пелла ба Отин. Ва ҷангҳойи нахусташ дар шимолийи Мақдуниё буда бо барбарҳо ва кўҳистониён. Баъд, ў то ҷое нарафта, ки Офтоб даруни баҳр равад, то ў дида бошад. Зеро зиндагиномайи Искандари Мақдунӣ аз кўчакӣ то ҷавонмардӣ нуқта ба нуқта, хол ба хол, қадам ба қадам ва лаҳза ба лаҳза сабту дарҷ гардида ва муаррихин ва воқеанигорон дар ин бора ишорае надоранд, ки ў сўйи Мағриб рафта бошад ва фурўравийи Офтобро дар об, дида бошад. Хатти набард ва роҳпаймойиҳойи ин лашкаркаши беназир ва монанд ба падар ба чунин пайғамбарӣ далолат намекунад.
1 «Дар «Аҳди атиқ» ҳам чунин таъбироте меёбем, масалан дар китоби Закариё Худованд мефармояд: «Бандагонамро аз сарзамине, ки Хуршед аз он ҷо мебарояд ва сарзамине, ки Хуршед дар он фурў меравад, наҷот медиҳам». Дар ин оят мақсуд ин аст, ки мардуми Байтулмуқаддасро аз ҷанги Миср ва Бобул наҷот додааст: ин як амри возеҳест, ки Миср баройи Фаластин дар ҳукми Мағриб ва
2 Бобул баройи Фаластин ҳукми Машриқро дорад».
Ва яҳудиён як нафар ғайрро, ки дар китоби хеш ҳамчун пайғамбар зикр кардаанд, Куруш бувад. Зеро Куруш наҷотбахши яҳудиён андар Мисру Байтулмуқаддас бошад. Куруши Кабир эшонро аз асорати мисриёну бобулиён озод кард ва харобаҳойи хонайи шарифу мукаррам Байтулмуқаддасро ободӣ бахшид ва чун фиристодайи Худованд эътибор пайдо кард. Ва агар дар ҳар нигорише сухан аз ҷангҳойи бузурги Зулқарнайн равад андар Мағрибу Машриқ ва дар шимол бо Яъҷуҷу Маъҷуҷҳо ин ҷанги озодихоҳонаву наҷотбахши Куруш аст, на пархоши ғоратгаронаву харобиовару сўзандаву барандайи Искандари Мақдунӣ. Пайдост, ки набарди Искандари сонӣ довталабона, интиқомхоҳона, қасосгирона ва ба ҷо овардани нақшаҳойи падар буд ва бештар зарр мехост аз Порс. Ў ягона писаре буд монанд ба падар: ҳам шоҳ, ҳам марзҷўй ва ҳам лашкаркаши пархошгар. Ва ў нақшайи ҷанги зидди Порсро, ки падараш Файлақуси II кашида ва кунгурайи Коринф пазируфта буд, амалӣ

  1. Аз «Таврот».
  2. «Куруши Кабир», саҳ. 231.
пешина
аз 390
навбатӣ