Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Думбайи бараҳнайи ғулом напўшида монд. Яқин сўзад, аммо бону эҳсос накунад, беихтиёр даст ба думбайи хеш барад, ки сўхта бошад...
Ва ҳамин ҷо ба худ омад бону; аз дарди думбаву заҳри мор ба худ омад; чандин бор думбаашро сойиду молид. Дарде набуд.
«Шояд ишора ва садоҳойи гунгонайи Бадрия он буд, ки макида заҳрро биандозам дур? Зеро маро азизтарин ва меҳрубонтарин пиндошта буд. Худойгон бубахшадам!»
Рў ба ғулом пас-пас мерафт ва ў андар ташти оташ наметофт.
Рустаниҳо пинҳонаш карда буданд. Рў наметофт, ки мор меояд аз думболаш. Ва пас-пас мерафт пайроҳайи омадаашро надида ва гум карда, зеро ғулом рўйи даст оварда будаш. Аз он ки паси сараш мор бошад ва ё сусмор, бим надорад. Хатараш аз мор ва ғуломи сиёҳ бошад. Онҳо нагузоранд, ки бону ба роҳи корвонгард барояд ва бигрезад, ба базми Барзин бирасад.
Ба назари Катоюн ду чизи сиёҳ аз ташти тафсон сар ба осмон кашид. Ў шинохт: яке ғуломи сиёҳ ва сиёҳтар аз ў мор. Ғулом сар кашида то авҷ баромаду бозистод ва мадораш нарасида боз ба худ фурў рафт. Вале мор меёзид ва баногоҳ сар ба авҷ кашида камонак шуд ва ранга гашт ба сони рангинкамон ва гўйӣ меомад ба сари бону...
Хам хўрд бону, то миёни гиёҳон паноҳ ёбад. Ва мор чунон ки вақти рост шудану дамиданаш шавад, аз ду бари сар бол баровард ва фарох гашт, то абр шуда ва фаро гирифтани осмон. Ва фаро гирифт осмонро. Тира гашт ҳама ҷо ва сиёҳӣ пирўз омад бар сапедӣ.
Бону пиндошт, ки ғуломи сиёҳ бо ранги худ биолуд ҷаҳонро. Ва ранги дигаре нест, то пирўз гардад ранги сиёҳро. Пеши чашмони бону ранг буд ва хаёле аз мағзи тирааш гузашт, ки чаро равшанойӣ нест? Чаро Офтобро намебинад? Наход кўр шуда бошад? Миёни чанористон зиндагӣ надорад-ку? Танҳо мағзи сараш кор мекард, вале намедонист, ки дар куҷо ва дар чӣ ҳол аст?...
...Ва бедор шуд Катоюн хеле дер: аввал мағзаш бедор шуд ва баъд худаш, ки алвонҷ равад андар каҷова. Ҳайрон. Идроку эҳсоси кофӣ надорад. Чизеро сарфаҳм наравад. Ҳанўз ғуломи сиёҳу мор ва ранги ғализи тира пеши назараш бувад, дигар чизеро ёд надорад. Чун дарозо бодиққат нигарист, осмонро минўйӣ дарёфт ва Офтобро баланду рўшан. Садойи сумзанийи сутурон ба гўш хўрад ва ҳарфҳойи пасти роҳиён. Бонуйи камҳуш чизе нафаҳмад аз гуфтори онон. Ва гўш фаро дорад, ки ба чӣ забон ҳарф зананд.
Ноошно... Садойи зангўла аз сари қофила то бону гоҳ расад ва гоҳе на. Пурсу посух карданист, намеёрад.
Во кард чашмони нимпўшашро. Андар каҷовайи чапи сутур пирамардеро дид, ки чизе мехонду медамид бар ў. «Магар ҷоду кунад?» аз фикр гузаронд ва пурсид:
— Чӣ кунӣ?

пешина
аз 390
навбатӣ